Ордени «Шараф» дараҷаи якум ба марҳум Азамат Азимов

Декабрь 29, 2015 09:49

Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон капитани қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии кишвар шодравон Азимов Азамат Абдураҳимович барои корнамоӣ дар ҳимояи марзи Ватан, ки қаҳрамонона ҳалок гардид, бо ордени «Шараф» дараҷаи якум сарфароз гардонида шуд. Ордени «Шараф»-ро имрӯз муовини аввали раиси КДАМ, Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ аз номи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  ба падари ин муҳофизи ҳақиқии Ватан супорид. 
Генерал-лейтенант Р. Раҳмоналӣ зимни суханронӣ иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаҳрамонии фарзандони ҷасурро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, оилаҳо ва фарзандони онҳоро мунтазам  дастгирӣ менамояд. Корнамоии ин фарзанди шуҷои Ватан барои ҳайати шахсии қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сарбозону афсарони қувваҳои мусаллаҳи кишвар дарси ибрат аст.
Ҳамчунин бо супориши Сардори давлат ва дастгирии КДАМ имрӯз дар  хиёбони Нусратулло Махсум калиди хонаи истиқоматии дуҳуҷрагӣ бо тамоми ашёи хона ба оилаи марҳум А. Азимов супорида шуд. 
Ҳамсари муҳофизи далер Замира Нозҳасанова аз таваҷҷуҳи Ҳукумат ва роҳбарияти КДАМ изҳори миннатдорӣ намуда, бо ифтихор иброз дошт, ки номи неки падари се фарзанди ноболиғаш дар лавҳи хотири халқи тоҷик боқӣ мемонад.  
Волидайни ин сарбози шуҷоъ Абдураҳим Азимов ва Пулотой Азимова аз қадрдонии фарзандашон аз ҷониби Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки ҳамеша бо меҳру шафқати зиёд сари ятимонро сила менамоянд, минатдорӣ изҳор намуданд. 
Азимов Азамат Абдураҳимович (16.01.1979) зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб буда, Донишгоҳи педагогии ин шаҳрро хатм кардааст. Тӯли даҳ сол дар қӯшунҳои сарҳадӣ адои вазифа карда, дар кишварҳои Русия, Миср ва Чин донишу таҷриба омӯхтааст. 
Фаромӯш набояд кард, ки барои муҳофизи ҳақиқии Ватан будан меҳру садоқат ба сарзамини аҷдодӣ, ҷасорату матонат, донишу таҷриба ва ҳушёриву зиракии сиёсӣ зарур аст, ки ин ҳамаро марҳум Азамат Азимов доро буд.

 

Декабрь 29, 2015 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд