Пайрави ташкилоти террористӣ маҳкум шуд
Душанбе, 9.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳрванд С. У-ро барои пайрави ташкилоти террористии “ДИИШ”шуданаш гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати дувоздаҳ сол бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт таъйин кард.
Суд ҳангоми баррасии парванда маълум намуд, ки шаҳрванд С. У 10-уми январи соли 2015 барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия сафар намуда, тахминан 4 моҳ дар шаҳри Маскав, кўчаи академик Ангела, дар наздикии истгоҳи Метрои «Анино», дар яке аз хобгоҳҳо бо ҳамроҳии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Рауф Акбаров, зодаи деҳаи Бедаки ноҳияи Рашт, Муҳаммад Атабоев, зодаи маҳаллаи Чортути ш. Душанбе, Усмон Алиев, зодаи шаҳри Конибодом, Аҳрор Абдуқодиров, зодаи шаҳри Конибодом ва се нафар зодагони ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷ. Расулов Эркин Эркабоев, Ғайрат Эркабоев ва Дилмурод Ҷумабоев зиндагӣ ва кор кардааст.
С. У. зимни корҳои сохтмонӣ ва ҳангоми намозхонӣ дар масҷид Рауф Акбаров ба ӯ дар бораи ҷиҳод намудан ташвиқот карда, мегуфтааст, ки дар Сурия ҷиҳоди аслӣ буда, бояд ҳамаи мусулмонҳо ба он ҷо сафар намоянд ва шахсони дар роҳи ислом фавтида шаҳид мебошанд. Пас аз тарғибу ташвиқи зиёд ӯ ақидаҳои Рауф Акбаровро қабул намуда, барои ба Сурия рафтан ва дар ҷиҳод ба муқобили қувваҳои ҳукуматии ин кишвар иштирок намудан розигии худро додааст.
Рауф Акбаров ба ӯ гуфтааст, ки Муҳаммад Атабоев, ки забони арабиро хуб медонад, низ барои ба Сурия рафтан омода мебошад ва ў ҳардуи онҳоро якҷоя ба Ҷумҳурии Сурия мефиристад. Дар рафти яке аз суҳбатҳо Муҳаммад Атабоев ба ӯ гуфтааст, ки дар шаҳри Коҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб шиносе дорад бо номи Шайх Иброҳим, ки метавонад барои аз Мисри Араб ба Ҷумҳурии Сурия рафтан ба онҳо кумак намояд.
14-уми майи соли 2015 дар асоси маслиҳати пешакӣ С. У бо ҳамроҳии Муҳаммад Атабоев аз роҳи оҳани Повелетский-и шаҳри Маскав ба маблағи 26 ҳазор рубли русӣ ба ҳардуяшон чиптаи ҳавопаймо ба самти Маскав-Коҳира харида, 15-уми майи соли равон ў бо М. Атабоев аз фурудгоҳи Домодедоваи шаҳри Маскав ба самти Коҳира парвоз намудаанд.
Аз фурудгоҳи шаҳри Қоҳира М. Атабоев ӯро ба таҳхонаи яке аз биноҳои баландошёнаи маҳаллаи Хадоӣ-ал-Куббаи шаҳри Коҳира бурда, бо Бахтиёр ном шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, тахминан 30-35 сола, ки соҳиби коргоҳи дӯзандагӣ мебошад, шинос намуда, хоҳиш кардааст, ки дар таҳхонаи мазкур ӯро бо ҷойи хоб таъмин намояд.
Дар таҳхона бо ӯ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад ном шахс, тахминан 22 сола, сокини ноҳияи Зафаробод, Даврончон Давлатов, соли таваллудаш 1986, зодаи деҳаи Ганҷободи шаҳри Ваҳдат, Саъдӣ Раҳматов, соли таваллудаш 1993, зодаи шаҳри Қурғонтеппа ва Абдуллои Товус ном шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон истиқомат мекардаанд.
Ҳангоми истиқомат дар таҳхона фаҳмидааст, ки Д. Давлатов ва С. Раҳматов низ бо мақсади ба Сурия рафтан ба ин ҷо омадаанд. Дар таҳхона онҳо тахминан 10 рӯз истиқомат намуда, баъдан Д. Давлатов аз тариқи шиносҳояш як хонаи истиқоматии 2 ҳуҷрагӣ, воқеъ дар маҳаллаи 7-уми шаҳри Коҳира дарёфт намудааст, ки ӯ дар якҷоягӣ бо дигарон барои истиқомат ба суроғаи номбаршуда рафтааст.
16 июли соли 2015 Саъдӣ Раҳматов ба ӯ хабар додааст, ки бинобар сабаби мушкилиҳои иқтисодии оилавиашон барои ҷиҳод намудан ба Сурия намеравад ва аз шаҳри Қоҳира ба шаҳри Маскав бармегардад.
С.У 23-июли соли 2015 ба маҳаллаи 7-уми шаҳри Коҳира рафта, аз нуқтаи фурӯши чиптаҳои «Египет-Эйр» ба самти Шарм-уш-Шайх-Истанбул ба маблағи 1700 ҷунайҳ, мутобиқ ба 220 доллари ИМА чиптаи ҳавопаймоӣ харида, Муҳаммад Атабоевро хабар дода, хоҳиш намудааст, ки шиносаш Абдулло ӯро дар фурудгоҳи шаҳри Истанбули Туркия пешвоз гирад ва барои ба Сурия рафтан кумак намояд.
Тахминан соати 9-и рӯзи 24-июли соли равон Д. Давлатов, М. Мақсудзода ва А. Акбаров ӯро аз назди бинои муваққатии истиқоматиаш гирифта, ба самти фурудгоҳи Шарм-уш-Шайх равон шудаанд. Дар роҳ онҳо дар мавзуи ҷиҳод суҳбат намуда, ӯ А. Акбаров ва М. Мақсудзодаро барои сафар ба Сурия ва иштирок дар ҷиҳод даъват намудааст, ки номбурдагон ақидаҳои ӯро дастгирӣ намуда, аммо сафар ба Сурияро рад намудаанд.
Ҳангоми ба бинои фурудгоҳ ворид шудан, зимни тафтиши ҳуҷҷатҳо бинобар сабаби пешниҳод намудани маълумоти бардурӯғ ва шубҳанок буданаш ӯро кормандони полиси фурудгоҳи Шарм-уш-Шайх дастгир намуда, 5 августи соли 2015 ба шаҳри Душанбе интиқол додаанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






