Панҷакентиён ҷонибдори Пешвои миллатанд!

Декабрь 17, 2015 08:49

Душанбе, 17.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент қабули Қонуни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва пешвои миллат эълон доштани Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон якдилона дастгирӣ менамоянд. Дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон ба ин шарафи бузург арзанда аст, зеро ҳанўз аз  рўзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар ў барои хомўш намудани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ заҳмат  кашид ва муваффақ ҳам шуд, ки Тоҷикистон дар як фосилаи кўтоҳи таърихӣ, роҳи ба садсолаҳо баробарро тай намояд.
Мо имрўз бо ифтихор аз иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат барои  амалӣ намудани 3 ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ — аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ сухан меронем. Таҷдиди шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент аз ҷумлаи чунин иқдомҳои Эмомалӣ Раҳмон аст, ки онро садсолаҳо на танҳо мардуми Панҷакент, балки тамоми водии Зарафшон орзу мекарданд.
Маҳз  сиёсати дурандешонаи Сарвари муаззами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрўз Ватани моро бештар аз 100 давлати дунё ба расмият шинохтанд.
Мо панҷакентиён итминони комил дорем, ки Эмомалӣ Раҳмон минбаъд ҳам барои пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва ободии кишвару осудагии мардум чун фарзанди фарзонаи миллат хидмат хоҳад кард.

Мудири кафедраи      
«Назарияи иқтисодӣ ва идоракунӣ»-и 
Донишкадаи Омўзгории Тоҷикистон
дар шаҳри Панҷакент Наҷмиддинов Фирдавс

Декабрь 17, 2015 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст