Пешгирӣ намудани муомилоти ғайриқонунӣ
Душанбе, 28.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи 27-уми декабр зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мошини тамғаи “Опел-Зефира”, таҳти идораи ронанда, сокини 30-солаи ноҳияи Истаравшан боздошт шуд. Дар вақти кофтуков аз дохили мошини мазкур 40480 дона маводи тарфгарии намуди “хлопушка” дарёфт ва мусодира гардид.
Ҳамчунин дар ин рӯз, зимни чорабиниҳои дигари фаврӣ -ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 20-солаи ноҳияи Б.Ғафуров, донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистонро бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ дастгир намуданд. Дар вақти кофтуков аз ӯ 17000-дона маводи тарфгарии намуди “трения” дарёфт ва мусодира шуд.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Дастгоҳи марказии ВКД ғолиби мусобиқаи футболи хурд гардид








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






