Пешниҳоди Чин дар бораи ташкили минтақаи савдои озод дар қаламрави СҲШ
Душанбе, 15.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Раиси Шӯрои давлатии ҶМЧ Ли Кэтсян зимни суханронӣ дар ҷаласаи васеи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай пешниҳод намуд, ки барои ташкили минтақаи савдои озод дар қаламрави СҲШ тадбирҳои мушаххас андешида, то соли 2020 табодули амвол ва хидматрасонӣ тезонида шавад.
«Мо навакак дар ҳайати махдуд тасмим гирифтем, ки ба вазирони савдо ва иқтисодиёт дастур диҳем, ки барои ташкили минтақаи савдои озод дар қаламрави СҲШ тадбирҳои мушаххас андешанд, то шароити мусоидтар барои рушди савдо дар қаламрави СҲШ фароҳам оварда шавад», — гуфтаҳои Ли Кэтсянро иқтибос меорад РИА Новости.
Мавсуф ҳамчунин изҳор дошт, ки давлатҳои СҲШ вусъат ёфтани бӯҳрони геополитикии ҷаҳон ва терроризмро ҳис карда, зарур медонанд, ки ҳамкорӣ дар бахши амнияту субот таҳким бахшида шавад. «Мо бояд бо ёрии СҲШ деворҳои мустаҳкаму касногузар ва амниятро сохта, ба вайронкунандагони суботи минтақа заррае имконият надиҳем ва ба давлатҳои аъзои СҲШ барои таъмини амнияти сиёсӣ ва суботи иҷтимоӣ кафолати боътимод диҳем», — гуфт Ли Кэтсян.
«Ба вазъияти ҷаҳонию минтақавӣ мураккабиятҳои нав илова шуданд, бӯҳрони нави геополитикӣ тадриҷан ба миён меояд, ифротталабию терроризм сар мебардорад. Ба ҷомеаи ҷаҳон лозим меояд, ки ба ситезаҷӯиҳои мислаш диданашудаи ҷаҳонӣ муқобилат кунад», — гуфт Ли Кэтсян. Мавсуф изҳор дошт, ки давлатҳои СҲШ аслан дар маркази қитъаи Авруосиё — дар сари дуроҳаи мазҳабу фарҳанги Шарқу Ғарб қарор доранд.
«Пешниҳод менамоям, ки ҳамкорӣ дар бахши амнияту субот таҳким бахшида шавад. Ин пояю такягоҳи рушду раванд ба шумор меравад», — изҳор дошт Ли Кэтсян. Мавсуф дар ҷараёни суханрониаш арз кард, ки давлатҳои СҲШ Низомномаи СММ — ро дастгирӣ намуда, ҷонибдори ҳалли сулҳомези ихтилофоти ҷаҳонӣ бо риояи принсипҳои эҳтироми якдигар ва дахолат накардан ба корҳои дохилии кишварҳои дигаранд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






