«Пешво» — саршор аз меҳру муҳаббати шоирони тоҷик нисбат ба Президент

Декабрь 25, 2015 10:21

Душанбе, 25.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Матбааи «Нашри мубориз» китоби наверо таҳти унвони «Пешво» аз чоп баровард. 
«Пешво» унвони маҷмӯаи ашъорест саршор аз меҳру муҳаббат, ихлосу икром ва арҷу эҳтироми шоирони тоҷик нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбару Роҳнамои халқу давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ифтихори Пешвои миллат унвон гирифтани Сарвари давлат ба нашр расид.
 Дар ашъори ин маҷмӯа саъю талош ва заҳматҳову хидматҳои бузурги Сарвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон барои истиқрори сулҳу ваҳдат, оромишу осоиши мардум, рушду нумӯи кишвар бо эҳсосу ихлоси тамом ба қалам дода шудааст.
Маҷмӯаи мазкурро Гурез Сафар ва Муҳтарам Ҳотам тартиб додаанд. 

Декабрь 25, 2015 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ