Пешвои миллат будан барои Эмомалӣ Раҳмон барҳақ рисолати ӯст

Декабрь 16, 2015 12:29

Файзобод, 16.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-  Аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона қабул гардидани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ- Пешвои миллат» дар байни сокинони ноҳияи Файзобод чун дар тамоми кишвар ҳамовозии бузургеро ба миён овард. 
Қонуни мазкур дар таърихи қонунгузории миллиамон қонунест, ки то қабул гардиданаш аллакай солҳои зиёд дар дили мардум ҷой дошт. То қабули қонун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни сокинони мамлакат ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат ва роҳбалади миллат ба ояндаи дурахшон пазируфта шуда буд. Хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба халқу Ватан маводи садҳо ҷилд китоб аст. Фаъолияти сиёсию ҷамъиятии ин абармарди таърих аз ҷониби беҳтарин сиёсатмадорони дунё сазовори баҳои баланд гардидаанд. Дар рўзҳое, ки ҳеҷ як фард дар Тоҷикистони ҷангзада ба як соати ҳаёти ояндаи худ бовар надошт, ӯ дар  дили мардум шуълаи умед афрўхта: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» гуфт ва он сулҳи деринтизорро бо баҳои ҷоннисориҳои хеш овард. Ба ваъдааш ҷавонмардона вафо кард ва мардуми азияткашидаи мамлакат, хусусан онҳое, ки аз Ватан фирор намуда, дар мулкҳои бегона дар хорию залилӣ қарор доштанд, дар симои Эмомалӣ Раҳмон наҷотдиҳандаи худро дарёфтанд, ба Ватан баргашта, ба зиндагии осоишта оғоз карданд.
Маҳз ақлу заковат, хирадмандию иродаи қавии ў буд, ки дар як муддати начандон тўлонӣ тамоми гурезагони иҷборӣ ба Ватан баргардонида шуда, барояшон шароити зарурии зиндагиро муҳайё гардид, миллат аз парокандагию Тоҷикистон аз порашавӣ раҳо ёфт. Маҳз бо ташаббусу сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон  Тоҷикистон дар як муддати кўтоҳ аз як мулки ҷангзада ба як кишвари орому осуда табдил ёфт. Ба чор тарафи олам роҳҳо кушода шуданд, сатҳи зиндагии мардум боло рафт, дар шароити душвори сиёсию иқтисодии мамлакат артиши миллӣ таъсис ёфт, иқтидори иқтисодию мудофиавии ҷумҳурӣ ба пояхои сифатан нав расид, дар мамлакат соҳибкорӣ рушд намуда, истеҳсолот барқарор гардид.

Заҳматҳои ин фарзанди баору номус имкон фароҳам оварданд, ки анъанаҳои миллӣ аз нав эҳё гардида, бузургони миллат қадрдонӣ шаванд, забони модарии мо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид садо дода, фарҳангу адабиёти тоҷикон умри дубора ёбад. Тавре ки  бузургон фармудаанд:  «Ҳар касеро баҳри коре сохтанд…». 
Ин буд, ки  Худованд барои ин миллати ҷафокашида мардеро ба майдон овард, ки бо хираду заковат ва ҷасурию муҳаббати  беназираш ба халқу Ватан, бо баҳои ҷони хеш истиқлолияти давлатиро ҳифз намуда, оромию осудагиро дар кишвар барқарор сохт ва чун пешвои ҳақиқӣ миллатро ба сўи созандагию сарсабзиҳо раҳнамун кард. 
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»  ва ба Эмомалӣ Раҳмон додани мартабаи Пешвои миллат амри воқеист, зеро он ормони миллатамон буда, баҳри қадрдонии хизматҳои фарзанди сазовору сарсупурдаи миллат, ки  зиндагии хушу осудаи ҳамватанон барояш баробари ҷон азиз аст, амрест заруру одилона. 
Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ имрўз бо ифтихор изҳор медорад,  ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоиста будани хешро бо унвони Пешвои миллат кайҳо собит намуда, ҳамчун фарзанди арзандаи ин миллат дар дилу дидаи ҳар як фард ҷой гирифтааст. Ў ба падару модарон беш аз ҳар фарзанд ва ба ҳар як фарзанд беш аз падару модари ў хизмат намудааст. Ҳар як падару модари барҷомонда Эмомалӣ Раҳмонро фарзанди азизи худ ва ҳар як ятим ўро падари мерубону дилсўзи хеш медонад. Дар олам хеле кам роҳбароне вомехўранд, ки чун ў бо раият наздику дилсўз ва меҳрубону мушфиқ бошанд. 
Ҳар як дастуру ҳидояти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон далели равшани он аст, ки Тоҷикистонро бо чунин роҳбари хирадманду ояндабин,  сарвари оқилу фарзона, бо чунин пешвои  ҷасуру меҳрубон  рушди беҳамто ва мардуми онро зиндагии хурраму босаодате дар пеш аст ва дур нест он рўз, ки кишвари азизамон дар қатори кишварҳои пешрафтаи олам қарор гирад.

 Сафарбег Нурзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва
робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Файзобод, узви иттиҳоди
 рўзноманигорони Тоҷикистон

Декабрь 16, 2015 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба дастовардҳо ва дурнамои рушди биологияи таҷрибавӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе дар доираи Конвенсия оид ба манъи истифодаи силоҳи биологӣ ва токсинӣ конфронси байналмилалӣ оғоз ёфт
Тоҷикистон ва вилояти Свердловск дар самти истифодаи технологияҳои нави сохтмонӣ ҳамкорӣ мекунанд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» барои таъмини бехатарии парвозҳо дар ин давра конфронси техникӣ доир шуд
Сигэру Исиба сарвазири Япония интихоб гардид
Маркази обуҳавошиносии шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нави замонавӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
«ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Мавлоно ҳамоиш баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор дар Пекин иштирок намуд
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дар истгоҳи мошинҳои Хуҷанд толори фирмавии алоқа кушода шуд