Пешвои миллат будан нақш ва рисолати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аст
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ бо иштироки тамоми воҳидҳои сохторӣ дар робита ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода дар хусуси зарурат ва аҳамияти таърихии қабули қонуни мазкур зикр кард, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ, муттаҳидии халқ дар атрофи ғояҳои созандаю бунёдкорона, таҳкими сохтори конститутсионӣ ва қадршиносии хизматҳои фарзанди содиқу вафодори халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳомии роҳи таърихии рушди мамлакат ба сўи ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд равона шудааст. Дар идома аз нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини зиндагии пурнишоти мардуми шарифи тоҷик махсусан таъкид намуда, қабули ин қонунро дар шароити кунунӣ як амри воқеӣ ва зарурати таърихӣ ҳисобид. Аз хидматҳои беназири Президенти Тоҷикистон дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифз кардани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, новобаста аз миллату нажод, забон ва дину оин махсусан зикр шуд. Зикр гардид, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини бақою ҳастии имрўзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳёи арзишҳои волои фарҳангии миллӣ хизматҳои шоиста кардааст. Бинобар ин, Пешвои миллат будан нақш ва рисолати таърихии Эмомали Раҳмон мебошад.
Дар охир ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон пуштибонии амиқи хешро аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» изҳор намуда, нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини истиқлолияти воқеии давлатӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷик боиси ифтихори миллат донистанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” 9 декабри соли ҷорӣ дар Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз ҷониби вакилони мардумӣ қабул шуда, аз муқаддима ва 16 модда иборат мебошад. Ин санади муҳими таърихӣ бо тартиби ҳуқуқӣ ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дархосту пешниҳоди мардуми кишвар таҳия ва ба Парлумон манзур шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид






