Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон аз Тоҷикистон боздид кард
Душанбе, 1.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Рӯзҳои 29-30 ноябри соли 2015 Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷолдубаева Индира Ирисбаевна бо сафари корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид кард.
Зимни сафари корӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкории ҳуқуқии байналмилалӣ, алалхусус вобаста ба истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, расонидани ёрии ҳуқуқӣ доир ба парвандаҳои ҷиноятӣ, интиқоли маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо, таъмини назорати прокурорӣ баҳри иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии ҳаракатҳои ғайриқонунии шаҳрвандони минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ҷараёни тафтиши муштараки парвандаҳои ҷиноятӣ, гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ дар ҳудуди ҳар ду давлат ва дигар масъалаҳои ифодакунандаи манофеи тарафайн мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тарафҳо дар доираи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва ёрии ҳуқуқӣ, ки 27 августи соли равон ба имзо расид, дар бораи таҳкими ҳамкории тарафайн, ҳамоҳангсозии чорабиниҳои фаврию тафтишотӣ, инчунин ба роҳ мондани равобити бевосита байни прокурорҳои минтақаҳои наздисарҳадӣ ва вилоятҳои ду кишвар гуфтушунид анҷом доданд.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






