Роғун: Нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 118,7% таъмин гардид
Роғун, 31.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Нозироти андози шаҳри Роғун дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои баланд бардоштани самаранокии кори соҳа кӯшиш ба харҷ дода, дар 11 моҳи соли 2015 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба андозаи 118,7% таъмин кард ва ба ҷойи 90820,7 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда ба буҷет дар маҷмӯъ (бо назардошти андози иҷтимоии ғайри буҷетӣ) 107822,1 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 17001,4 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта воқеан чамъоварӣ гардида, ба маблағи 24466,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилоти ғайрибуҷетӣ дар давраи 11 моҳи соли 2015 ба андозаи 118,1 % таъмин гардида, ба ҷойи 39714,2 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 46894,6 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 7180,4 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта воқеан чамъоваригардида ба маблағи 12189,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Андози иҷтимоии буҷетӣ дар давраи 11 моҳи соли 2015 3200,1 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷрои он ба маблағи 3212,8 ҳазор сомонӣ ё 100,4 % таъмин гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 12,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи андозҳои буҷети маҳаллӣ дар давраи 11 моҳи соли 2015 ба андозаи 125,5% иҷро гардида, ба ҷои 26707,7 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет 33535,1 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда ба маблағи 6827,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






