Рушди воқеии иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар сатҳи нисбатан муътадил- 6,0% нигоҳ дошта шуд
Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Идомаёбии бӯҳрони сиёсӣ-иқтисодӣ ва ноустувории молиявӣ дар як зумра мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Русия ва мамлакатҳои ҳамсарҳад таъсири манфии худро ба вазъи иқтисодиёти ҷумҳуриамон расонида истодааст.
“Раванди мазкур аз лиҳози омилҳои иқтисодию молиявии берунӣ ба пастравии нархҳои ҷаҳонии нафт (то 60%) ва дар ин замина коҳиш ёфтани интиқоли пулии шахсони воқеӣ (зиёда аз 35%) ва воридоти асъори хориҷӣ вобаста буда, таъсири он ба пастравии қурби пули миллӣ, кам гардидани қобилияти харидории аҳолӣ, сатҳи талабот, воридоти молҳо (21,8% дар 10 моҳ), даромади буҷети давлатӣ ва фаъолнокии бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти кишвар, бахусус хизматрасонӣ (-6,5% дар 10 моҳ) расонид”,-гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода 2 декабр дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бино ба гуфтаи Ҷ.Нурмаҳмадзода, новобаста аз ин, дар 10 моҳи соли равон рушди воқеии иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар сатҳи нисбатан муътадил — 6,0% (рушди соҳаҳои сохтмон — 22,1%, саноат — 12,1%, ва кишоварзӣ -3,0%) нигоҳ дошта шудааст .
Сатҳи таваррум нисбат ба соли қаблӣ паст гардида, андозаи он ба 4,1 % баробар гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 банди фоизӣ камтар мебошад.
“Ба ин раванд дар баробари татбиқи сиёсати самарабахши монетарию макроиқтисодӣ, инчунин як силсила омилҳо, аз қабили паст гардидани индекси нархҳои ҷаҳонии мол ва ашёи хом (бахусус, маводи ғалла ва сӯзишворӣ), коҳиши сатҳи даромад ва талаботи истеъмолии аҳолӣ, зиёд гардидани истеҳсолоти маводи хӯроквории дохилӣ (хусусан, сабзавот ва меваҷот) таъсир расонид”-илова намуд раиси БМТ.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






