С.Аслов нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони се давлати аврупоӣ қабул кард
Душанбе, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 10 декабри соли 2015 маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони навтаъйини се давлати аврупоӣ ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов баргузор гардид.
Нусхаҳои эътимодномаҳои худро сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Литва Витаутас Наудужас, Ҷумҳурии Латвия Эдгарс Бондарс ва Шоҳигарии Испания Педро Хосе Санз Серрано супориданд.
Пас аз маросим мулоқоти дуҷонибаи Сироҷидин Аслов бо сафирони навтаъйин доир гардид, ки зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он кишварҳо, инчунин ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
С. Аслов сафиронро барои ба ин вазифа таъйин шуданашон табрик намуда, ба онҳо барои амалигардонии фаъолияти касбиашон комёбиҳо таманно намуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






