Сӯхтор дар бинои истиқоматии баландошёна
Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Соати 07:05-и 29 декабри соли 2015, дар бинои истиқоматии баландошёна, воқеъ дар кӯчаи Шотемур 25-и ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омадааст. Фавран ба ҷойи ҳодиса 5 нақлиёти асосиву махсуси оташнишонӣ сафарбар шуд. Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани ҳайати шахсии Хадамоти давлатии оташнишонӣ муайян карда шуд, ки дар ҳуҷраи № 57-и ошёнаи 10-уми бинои истиқоматӣ сӯхтор ба амал омада, дар дохили он соҳибхоназан Раҳимова Суфия Зикриолоевна, соли таваллудаш 1970, духтараш Раҳимова Суман, соли таваллудаш 1995 ва писари соҳибхоназан Мустафо Ҳаётов, соли таваллудаш 2010 мондаанд.
Бо назардошти вазъияти ба амал омада, аз ҷониби роҳбарияти СХДО ВКД қувваву воситаҳои асосӣ дар як вақт барои наҷоти одамон ва пешгирии роҳҳои паҳншавии оташу хомӯш намудани сӯхтор сафарбар карда шуда, ҳамзамон ба ҷойи ҳодиса кормандони тиб, милитсия, БДА ва дигар хадамоту мақомоти дахлдор даъват карда шуданд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсуси фаврии оташнишонӣ аз дохили ҳуҷраи оташгирифта соҳибхоназан бо фарзандонаш ба ҷойи бехавф бароварда шуда, соҳибхоназан аз ҷониби кормандони милитсия ба беморхона расонида шуд. Сӯхтори ба амал омада дар масоҳати 3 метри мураббаъ, бепаҳншавӣ ба дигар ҳуҷраҳои зисти шаҳрвандон дар соати 07:37 хомӯш карда шуд.
Мувофиқи иттилои кормандони беморхона соҳибхоназан С.З. Раҳимова дар натиҷаи заҳролудшавии зиёд аз дуди ғализ ба ҳалокат расидааст. Бино ба иттилои мутахассисони ХДО ВКД сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар барқтақсимкунаки дохили ҳуҷраи зист буда, зарар аз сӯхтор муайян карда мешавад.
Аз сӯхтор фарзандони соҳибхоназан ягон осеб надидаанд ва вазъи саломатиашон ҳоло хуб мебошад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






