Садамаи нақлиётӣ: Як нафар ҳалок ва як нафар бистарӣ гардид

Декабрь 10, 2015 08:34

Душанбе, 10.12.2015. (АМИТ «Ховар) —9 декабри соли равон, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, сокини 31-солаи  ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ленини шаҳри Хуҷанд, дар рӯ ба рӯи меҳмонхонаи “Эҳсон” аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофири мошини мазкур, сокини 31-солаи  ноҳияи Б.Ғафуров ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. 
Ҳамчунин дар ин рӯз, ронандаи мошини номаълум ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Душанбе ба тарафи ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагард, сокини 28-солаи деҳаи Меҳнатободро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”,  сокини 31-солаи ноҳияи Қубодиён дастгир шуд. Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад. 

 

Декабрь 10, 2015 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст