Сафари кории Сарвазири мамлакат ба Чин

Декабрь 15, 2015 03:23

Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дорад. Дар доираи иштирок дар кори ин ҷаласа Сарвазири мамлакат дар шаҳри Урумчи бо раиси Шӯрои директорони идораи 19-уми Корпоратсияи роҳҳои оҳани Чин Ван Сюе Чжоу ва раиси Шӯрои директорони Ширкати ТВЕА Чжан Син мулоқот кард. Дар мулоқот бо раиси Шӯрои директорони идораи 19-уми Корпоратсияи роҳҳои оҳани Чин масоили ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаи сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа ва идомаи ҳамкорӣ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳани минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ бо Ширкати ТВЕА, ки дар бунёди хаттҳои интиқоли қувваи барқ, зеристгоҳҳои барқӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши фаъол дорад, мавзӯи асосии суҳбати Сарвазири мамлакат ва раиси Шӯрои директорони Ширкати ТВЕА буд. Зимни мулоқот ҳарду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои ба роҳ мондани робитаҳои густурда дар амалисозии лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ изҳор намуданд.
Дар шаҳри Урумчи ҳамчунин мулоқоти Қоҳир Расулзода бо  раиси ҳукумати мардумии вилояти Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Шоҳрат Закир доир гардид. Ҷонибҳо доир ба рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаҳои  иқтисодию тиҷоратӣ, энергетика, роҳу нақлиёт ва кишоварзӣ табодули афкор карданд.
Дар идомаи сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  дар шаҳри Чженчжоуи музофоти Хэнан  бо котиби кумитаи ҳизбии музофот Го Гэнмао, раиси Шӯрои директорони Ширкати металлҳои рангаи Чин  Чен Чинхе ва директори иҷроияи ширкати байналмилалии содироту воридоти технологияҳои нав Хуан Чианрон мулоқот кард. 

 

 

Декабрь 15, 2015 03:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ