Сарбанд: Рашки беасос боиси куштори хамсар гардид
Душанбе, 17.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Раҳматулло Назарови 41 сола, ки зодаи шаҳри Сарбанд аст, соли 1997 дар айни камолоти ҷавонӣ даст ба ҷинояти нангин зада, бо дӯстонаш ба номуси ҷавондухтаре таҷовуз карда, ӯро ба қатл расониданд. Ӯ бо ин гуноҳ 11 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Соли 2014 Раҳматулло бо Рухшона Маҳмадрақибова, ҷавондухтаре аз шаҳри Душанбе, ки аз шавҳараш ҷудо шуда буд, телефонӣ шинос шуда, бо розигии тарафайн оила барпо мекунанд. Баъди як-ду моҳи зиндагӣ Рухшона назди модар аз рашки беасосу латукӯби барзиёди шавҳараш шикоят мекунад. Ба хотире, ки духтараш дубора хонавайрон нашавад, модараш ба ӯ маслиҳат медиҳад, ки сабру тоқатро пеша карда, бо шавҳараш зиндагӣ намояд, шояд Раҳматулло баъди ин қадар ваъдаҳо ислоҳ шавад.
Баъд аз ин Рухшона ба хонааш бармегардад. Азбаски Раҳматулло ба тиҷорат машғул буд, ҳар субҳи барвақт занашро дар назди модараш мегузошту худ ба савдо мерафт ва шом ӯро гирифта, ба манзили иҷорааш меовард.
Шоми 13-уми июни соли 2015 ҳангоми аз хонаи модараш баргаштан, ба андешаи Раҳматулло, гӯё ҳамсараш барои овардани об ба берун меравад ва дар беруни хона бо ҷавоне суҳбат мекунад. Ба гуфти Раҳматулло дар суд: «Ҷавон баробари дидани ӯ мегурезад ва ҳамсараш қасам мехӯрад, ки ӯро намешиносад».
Баробари ба хона даромадан Раҳматулло бо асбоби фаршшӯйӣ ба сару рӯйи ҳамсараш зада, ӯро маҷбур мекунад, ки ба «гуноҳ»-аш иқрор шавад. Рухшона гӯё иқрор шудааст, ки пеш аз оиладор шудан бо маслиҳати модараш бо ҷавоне барои ба даст овардани маблағ ҳамхоба шудааст». Баъди шунидани ин суханҳо Раҳматулло аз ғазаб ба сару гӯшу гардани Рухшона сахттар мезанад. Рухшона дигар аз ҳуш меравад, зеро аз сари ӯ хуни зиёд рафта буд.
Раҳматулло ҳамсарашро ба ҳаммом бурда, сару рӯяшро шуста, болои ҷойи хобаш оварда мегузорад. Ба ҷароҳатҳояш орду маводи тиббӣ мемолад, то ин ки хун манъ шавад, аммо дер шудаву Рухшона аллакай ҷон супурда буд.
Саҳари барвақт Раҳматулло ба назди модару хоҳараш рафта, асли воқеаро нақл мекунад ва бо ҳамроҳии онҳо ба ШВКД-и шаҳри Сарбанд меравад, то ба гуноҳаш иқрор шавад.
Вақте мурофиаи судӣ оғоз шуд, шоҳидон, модару хушдоман, хоҳаршӯю ҳамсояҳо ҳама тасдиқ мекарданд, ки Рухшона одоби хуб дошт ва ҳеҷ бадрафтории ӯро надидаанд. Ӯ аз субҳ то шом назди хушдоману аз шаб то саҳар ҳамроҳи ҳамсар буд. Чӣ гуна метавонист, ки бо марди бегона алоқа дошта бошад? Ба қавли модари Рухшона, духтараш ба ғайр аз ҳарду шавҳараш бо касе шиносоӣ надошт. Хушдоману хоҳарарӯсаш ҳам ҳеҷ як рафтору гуфтори нодурусти ӯро надида будаанд.
Гарчанде Раҳматулло дар суд ба гуноҳи хеш иқрор карда бошад ҳам, бинобар бо бераҳмӣ, азобу шиканҷа ҳамсарашро ба қатл расонидан, ӯро ба ҳабс маҳкум намуданд. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон таҳти раисии судя Т. Қурбонзода ҳукм кард, ки Назаров Раҳматулло Рустамович бо моддаи 104 қисми 2-и банди «е»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шавад. Ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 23 сол, бо адо намудани ду соли аввалаш дар маҳбас, боқимондааш дар муассисаҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъйин карда шуд.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






