Сарнишинҳои Русия бунёди инфрасохтори нав дар Сурияро оғоз намуданд
Душанбе, 07.12.2015 (АМИТ «Ховар») .- Неруҳои ҳавоии Русия барои мубориза бар зидди террористони «Давлати исломӣ» бунёди иншооти навро оғоз намуданд. Дар баробари пойгоҳи асосии ҳарбии Хмеймим дар Латакия Русия пойгоҳҳои Шайрат дар Ҳумс ва Ал-Тайас дар Палмираро ҳамчун аэродром барои истифодаи кӯтоҳмуддат ҳангоми дастгирии артиши ҳукуматӣ истифода мебарад.
Манбаи «Коммерсант» муътақид бар он аст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ Русия ҳақ дорад дилхоҳ инфрасохтори Сурияро дар мувофиқа бо мақомоти ин кишвар истифода кунад.
На намояндаи расмии Вазорати дифои Русия ва на котиби матбуоти Президенти Русия Дмитрий Песков ин хабарро шарҳ надоданд. Бори аввал хабар дар бораи бунёди якчанд майдон барои гузаронидани амалиёти ҳарбӣ-ҳавоӣ дар Сурия 6 ноябр расонаӣ шуд.
Дар харитаи ба Президент Владимир Путин ҳангоми ҳисобот дар бораи ҷараёни амадиёти ҳарбӣ нишондодаи сардори Ситоди кулл Валерий Герасимов чор чархболи зарбазани Ми-24П ва як чархболи ҳарбӣ-нақлиётии Ми-8 нишон дода шуд, ки дар минтақаи аэродроми Шайрат ҷойгир шудаанд.
Сарчашмаи «Ъ» дар мақомоти қудратӣ тасдиқ намуд, ки ҳақиқатан ин нуқта ҳамчун аэродроми наздик ба майдони амалиёт истифода мешавад (яъне, ҳамчун истгоҳи муваққатӣ бо мақсади таъмини ҳавопаймоҳо бо сӯзишворӣ ва ғайра).








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






