Сарони давлатҳои СААД дар Маскав перомуни вазъияти имрӯзаи ҷаҳон табодули афкор мекунанд
Душанбе, 21.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Маскав ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии (ШАД) Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок менамояд.
Ба Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ сарони давлатҳои аъзои СААД — Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд. Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян раиси ШАД СААД дар давраи байниҷаласавии соли 2015 — 2016 мебошад. Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар ҳайати махдуд ва дар қолаби ҷаласаи умумӣ баргузор мешавад.
Сарони давлатҳо дар бораи вазъияти ҷории ҷаҳон табодули афкор намуда, масоили асосии амнияти байналмилалӣ ва иқдомоти эҳтимолии СААД барои ҳалли онҳоро мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Дар назар аст, ки сарони давлатҳои аъзои СААД Изҳорот дар бораи муқовимат ба терроризми байналмилалиро қабл намуда, қарорҳои Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ марбут ба ҷойивазкунии мансабдорони мақомоти кории доимоамалкунандаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба имзо расонанд.
Худи ҳамин рӯз дар Маскав таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Эдвард Налбандян ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор гардида, дар ҷараёни он роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷӣ масоили рӯзномаи иҷлосияи пешорӯи Шӯрои амнияти дастаҷамъиро баррасӣ менамоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






