Сатҳи таваррум дар интиҳои соли 2016 7 фоизро ташкил хоҳад дод
Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- “Бо назардошти қавӣ гардидани қурби асъори хориҷӣ, болоравии нархи маҳсулоти истеъмолии воридотӣ, ба монанди орд, равғани растанӣ ва маска, шакар, маводи шустушӯӣ, доруворӣ ва дигарҳо, ки қариб 65 фоизи сабади истеъмолиро дарбар мегиранд, дида шуд. Саҳми болоравии нархи молҳои воридотӣ 75,6 фоиз ё худ 3,1 банди фоизии таварруми ҳосилшударо ташкил намуд”-зикр дошт раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода 2 декабр дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз рӯи ҷамъбасти соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар доираи 5,5 фоиз нигоҳ дошта хоҳад шуд, ки ин нисбат ба меъёри пешбинишуда дар “Дурнамои сиёсати пулию қарзии ҶТ дар соли 2015” 2 банди фоизӣ камтар мебошад.
Дар соли оянда низ барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум бо назардошти татбиқи сиёсати устувори монетарӣ ва фискалӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, онҳо барои ноил гардидан ба муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ, истифодаи самараноки воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, зиёд нагардидани ҳаҷми пул дар муомилот равона мегарданд.
“Вобаста ба ин, пешбинӣ мешавад, ки дар интиҳои соли 2016, бо назардошти таъсири омилҳои мавсимӣ ва маъмурӣ, сатҳи таваррум то 7,0 фоизро ташкил диҳад”-,илова намуд Ҷамшед Нурмаҳмадзода.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






