Семинар барои вакилони Маҷлиси намояндагон, «Қурғонтеппа ё Леваканд?», «Ҳадиси дилкаши Саъдӣ», «Киҳо ва чӣ гуна китоб нависанд?», «М.Алимардон — калиди қулфкушо»- ин ва дигар мақолаҳои дар нашрияҳо чопшуда

Декабрь 10, 2015 09:25

Душанбе, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»). – Нашрияи «Ҷумҳурият» дар шумораи рақами 243 аз 5-уми декабри соли равон саҳифаи ҷолиби иттилоотӣ-фароғатии «Шоми шанбе»-ро чоп кардааст, ки дар он идомаи мақолаи «100 разведкачӣ» пешкаши хонандагон шудааст. Ҳамчунин дар ин шумораи нашрия мақолаҳои таҳлилӣ дар мавзӯъҳои тарбия, имлосозӣ ва навишти ислоҳот чоп шудаанд. Дар шумораи рӯзи сешанбе, аз 8-уми декабри соли равон «Ҷумҳурият» бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кушода шудани муассисаи томактабии хусусии «Зебунисо» ва Маркази солимгардонӣ ва тавонбахшии «Ҳаёт»-ро инъикос карда, мусоҳибаи Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Икбол Сумроро нашр кардааст. Дар шумораи имрӯзаи «Ҷумҳурият» таҳти рақами 246 аз 10-уми декабр дар бораи таҳти раёсати Президенти мамлакат баргузор шудани маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба роҳҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи шадид дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабари муфассал нашр шудааст. Дар маҷлиси мазкур Сарвари давлат супориш додааст, ки маҳсулоти ғизоӣ, сӯзишворӣ ва дигар ашёи талаботи ҳаррӯза дар ВМКБ фаровон захира шавад ва чархболҳо барои расонидани ёрии фаврӣ ва интиқол додани одамон ҳамеша омода бошанд. Ҳамчунин дар ин шумора мақолаи нозири калони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Эркинҷони Ҷӯра «Тоҷикистон: муқовимат бо коррупсия пурзӯр мегардад» нашр гардидааст.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» шумораи рақами 167 аз 7-уми декабри соли равон дар бораи баргузор шудани семинар барои вакилони Маҷлиси намояндагон гузориш нашр карда, хабарҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиро аз шаҳру ноҳияҳои кишвар пешкаши хонандагон кардааст. Идомаи тафсири Кодекси оилаи ҶТ дар тафсири Маҳкам Маҳмудзода ва Бахтиёр Худоёрзода низ дар ин шумораи «Садои мардум» чоп шудааст.

Нашрияи русзабони «Народная газета» дар 8 саҳифа чоп шуда, мақолаҳои «Муколама кафолати боварист», «Созандаи Тоҷикистони нав», «Таърих пайвандгар аст» ва навидҳои соҳаи варзиши кишварро пешкаши хонандагон кардааст.

 Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони ӯзбекӣ «Халқ овози» низ дар қатори дигар рӯзномаву ҳафтаномаҳои кишвар аз ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат мақолаҳои ҷолибро чоп кардааст. Дар шумораи навбатӣ «Халқ овози» таҳти рубрикаи «Иншооти тақдирсоз» навиштаи Искандар Маҳмадалиевро бо номи «Роғун — манбаи равшанӣ, нур ва гармӣ мебошад» чоп кардааст. Муаллиф андешаҳои худро бо далелу рақамҳо асоснок карда, ба итмом расонидани неругоҳи аср  —  Роғунро зарурати замон, манбаи нуру равшанӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионии энергетикӣ гуфтааст. Мақолаи Абдулло Саидов «Табобат ё рағбати молӣ» аз камбудиҳои дар табобатхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ ҷойдошта —  муомилаву муносибати нохуши баъзе духтурон, нархи баланди дорувориҳо ва м.и. нақл мекунад.  

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» аз баргузор шудани аввалин ҷаласаи Комиссияи Ҷоизаи Президент хабар чоп карда, мақолаҳои таҳлилии «Пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон рисолати ӯст», «Қурғонтеппа ё Леваканд?», «Уфти ҳавопаймои Су-24…»-ро пешкаши хонандагон кардааст.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» вобаста ба рӯзи гиромидошти Саъдии Шерозӣ таҳти номи «Ҳадиси дилкаши Саъдӣ» 6 ғазали классикиро нашр кардааст. «Ойинаи қаднамои забони миллӣ», «Ранҷ ва ганҷи Гурминҷ», «Ғаффор Мирзо – шоири навпардоз», «Зару зевари сухан» пешкаши хонандагон шудааст. Шеърҳои Беҳрӯзи Забеҳулло ва Бобаки Суғдӣ аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта хоҳанд шуд.

«Омӯзгор» — нашрияи Вазорати маориф ва илм мақолаҳои «Киҳо ва чӣ гуна китоб нависанд?», «Кӯдак шахсият аст», «Мактаб, ҷомеа ва муҳити зист», «Воқеияти зиндагӣ ва таълими адабиёт»-ро чоп кардааст.

Ҳафтаномаи «Фараж» мақолаи Исомиддин Шарифзодаро бо сарлавҳаи «Чаро хурофотзадаем?» чоп кардааст, ки дар он муаллиф яке аз омилҳои хурофотро заъфи фарҳанги нақдӣ ва қавӣ будани фарҳанги нақлӣ донистааст: «Омили мазкур сад дар сад дар ҷомеаи мо ҷой дошта, аксари мардум аз фарҳанги нақлӣ кор мегиранд, ки хусусияти асосии он ин аст, ки ҳар чӣ гуфта мешавад, он айнан ва бидуни тардид қабул карда мешавад».

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мақолаҳои «Полковники хоин», «Ҳирс», «Ҳоҷии нуҳкарата духтари 15 солаамро таҷовуз кард», «Марги талбида» ва дигар хабару гузоришҳоро чоп карда, суҳбати ошкорои собиқ раиси Бонки миллӣ Муродалӣ Алимардонро дар ду саҳифаи ҳафтанома ба номи «Калиди қулфкушо» пешкаши хонандагон намудааст.

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» мақолаи Далери Хайруллоҳро бо номи «Неохилофати туркӣ» чоп кардааст. Муаллиф навиштааст: «…ҳадафу интизориҳои Туркия фаротар аз Сурияанд. Анқара созмонҳои террористии на фақат «Давлати исломӣ», балки «Аш-шабоб» ва «Боко Ҳаром» дар Африқо ва Толибону Ҳаракати исломии Афғонистону Покистонро низ пуштибонӣ мекунад…». Мақолаҳои «Тахтабандӣ» ва «Иржи Бечка: Аз Бобоҷон Ғафуров бисёр миннатдорам» низ дар ин шумораи «Нигоҳ» пешкаши хонандагон шудаанд.

Ҳафтаномаи «СССР» таҳти номи «Кӣ Исматчаро зидди Лангарӣ шӯронид?» мақолаи Ҷалолиддин Сафарзодро аз силсилақиссаҳои таърихи ҷанги шаҳрвандӣ чоп кардааст.

Ҳафтаномаи «Самак» бо саволи «Оё бастани саррофиҳо сафи бекоронро зиёд намекунад?» назарпурсӣ анҷом додааст.

Нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» суханронии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷаласаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ оид ба фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ дар давраи баъди Анҷумани ХII ҳизб ва вазифаҳои навбатии ҲХДТ дар марҳалаи ҳозира пешкаши хонандагон намудааст.  

Декабрь 10, 2015 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд