Семинари омӯзишӣ барои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ
Душанбе, 08.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ барои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Мукаммалгардонии қонунгузорӣ дар самти рушди аҳолӣ ва амалишавии ҳадафҳои рушди устувор» баргузор гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ иброз намуд, ки Ҳадафҳои рушди ҳазорсола соли соли 2000-ум аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда, соли 2015 — ро ҳамчун соли ҳисоботӣ муайян намудаанд. Ҳадафҳои рушди ҳазорсола 8 мақсади асосиро муайян намудаанд, ки танҳо марбут ба давлатҳои рушдмекарда буда, дар ҷаҳон масъалаҳои мубориза бар зидди камбизоатӣ, нобаробарӣ, фавти модару кӯдак ва ғайраҳоро гузоштаанд.
Хайринисо Юсуфӣ ҳамчунин афзуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Изҳороти (Декларатсияи) Ҳадафҳои рушди ҳазорсола эътибори ҷиддӣ дода, ҳамчун мақоми олии қонунгузории мамлакат барои амалӣ гардидани ҳадафҳои он тавассути қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саҳми босазо мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи семинари омӯзишӣ баланд бардоштани савияи маълумотнокии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳадафҳои рушди устувор ва масъалаҳои марбут ба Конфронси байналмилалӣ оид ба аҳолӣ ва рушд бо такя ба уҳдадориҳои миллӣ ва афзалиятҳо, баланд бардоштани савияи дониши парлумонҳо нисбат ба санадҳои байналмилалӣ буд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






