Шӯрои Амнияти СММ тавофуқотро дар бораи таъсиси ҳукумати ягонаи Либия ҷонибдорӣ кард

Декабрь 24, 2015 10:16

 Душанбе, 24.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Ҳафтаи сипаришуда Шӯрои Амнияти СММ тавофуқотро  дар бораи  ташаккули Ҳукумати ваҳдати миллии Либия, ки аз ҷониби мухолифони Парлумон ба даст омадаст, тасдиқ намуд. Қарори дахлдор аз ҷониби понздаҳ нафар аъзои Шӯрои Амнияти СММ якдилона қабул гардид, хабар медиҳад РИА Новости. 
      17 декабр вакилони ҳарду маркази ҳокимияти рақобаткунандаи Либия шартномаро дар мавриди таъсис додани ҳукумати ваҳдати миллӣ ба имзо расонданд. Маросими баимзорасии тавофуқот бо миёнаравии СММ дар Марокаш баргузор гашт. 
       Санад ба ташкили Шӯрои роҳбарикунанда даъват мекунад. Ба он бояд нӯҳ нафаре  ворид шаванд, ки  ҳукуматро дар асоси Палатаи намояндагони маркази ҳокимият дар Тобрук ва мақомоти машваратӣ дар асоси Шӯрои давлатии он ташкил мекунанд. Эълони  ҳайати ҳукумати нав моҳи январи соли 2016 баргузор хоҳад гашт. 
      Баъд аз сарнагун сохтани роҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ дар соли 2011 дар кишвар ду ҳукумат амал мекунад — ҳукумати демократии аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофшуда дар Тобрук ва ҳукумати исломӣ  дар Тароблус (Триполи).

Декабрь 24, 2015 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад