Ш. Зуҳуров бо намояндагони Форуми парламентарҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд ва хазинаи нуфуси СММ мулоқот намуд
Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо намояндагони Форуми парламентарҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд ва хазинаи нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид хонум Мика Марумото — директори иҷрояи ташкилоти байналмилалии АФПНР, Азиза Ҳомидова -роҳбари Хазинаи нуфуси СММ дар Тоҷикистон ва ҳамроҳони онҳо мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони форуми парламентарҳои осиё оид ба аҳолӣ ва рушд ва хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид изҳори назар шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки мо хазинаи нуфуси Созмони Миллали Муттаҳидро ба ҳайси муассисаи муқтадири байналмилалӣ оид ба масъалаҳои рушд мешиносем ва аз талошҳои бардавоми он барои ҳалли мушкилоти печидаи башарият комилан огоҳем.
Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки намояндагӣ дар фаъолияти худ ҳамеша ба афзалиятҳои миллӣ такя мекунад ва бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории зич қарор дорад. Ин ҳамкорӣ, бахусус, дар самтҳои солимии репродуктивӣ, баробарии гендерӣ, нуфус ва рушд назаррас ва пурсамаранд. Дар ин давра, тибқи гузоришҳои Созмони Миллали Муттаҳид, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон якчанд баробар коҳиш ёфтааст, солимии репродуктивӣ дастраси ҳамагон шудааст ва муриши модарону атфол бамаротиб камтар гаштааст.
Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин таъкид намуд, ки дар самти дифоъ аз ҳуқуқи занону духтарон ҳам дастовардҳо зиёданд. Баробарии гендерӣ меъёри ҳаётан муҳими шоистагии воқеии ҷомеа эътироф гашта, бонувони тоҷик ҳуқуқу имкониятҳои худро беҳтар шинохтанд. Занҳо дар Тоҷикистон нисфи аҳолиро ташкил медиҳанд ва имрӯз онҳо такягоҳи боэътимоди иқтисодиву иҷтимоӣ ва неруи пешбарандаи соҳибкорӣ ба ҳисоб мераванд. Мо иштироки бонувонро дар ҳаёти сиёсии мамлакат низ унсури муҳими рушди ҷомеа ва таҳкими субот мешуморем.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






