Ш. Зуҳуров: «Дар замоне, ки касе ба як соати ояндаи зиндагӣ бовар надошт, ӯ буд, ки зимоми роҳбариро ба даст гирифт»

Декабрь 9, 2015 10:19

Душанбе, 09.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -«Дар таърихи навини халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст. Дар замоне, ки касе ба як соати  ояндаи зиндагӣ бовар надошт, дар шароите, ки модар баргаштани фарзанд ва ё шавҳари барои нон ба мағоза рафтаашро  бо сад гумону хаёл интизорӣ кашида, даст ба домани Худованд мезад, дар лаҳзаҳое, ки садои тиру туфанг нолаи модарону гиряи кӯдаконро пахш карда буд, дар он рӯзгоре, ки адлу инсоф, дӯстиву муҳаббат, садоқату ҳақиқатро беинсофию нобаробарӣ, хиёнат, номардиву тӯҳмат гулӯгир карда буд, ӯ масъулияти роҳбариро бар дӯш гирифта, умед ва боварро ба сулҳу ваҳдат дар дили мардум ҷо намуд»,- гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат».
Ёдовар мешавем, ки имрӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» қабул шуд ва он аз 16 модда, 33 қисм ва 5 сархат иборат аст.

 

 

 

Декабрь 9, 2015 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд