Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни сохтмони корхонаҳои саноатӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаи Кӯлоб
Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дирӯз дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон бо ҷараёни сохтмони корхонаҳои саноатӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шинос шуд.
Сарвазири мамлакат нахуст дар ноҳияи Данғара аз мавзеи сохтмони маҷмааи биноҳои нўҳошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдо ва коргоҳи ресандагӣ барои 300 нафар дидан кард, ки бунёди он аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст .Дар ноҳияи Данғара Сарвазири мамлакат ҳамчунин бо ҳолати корҳои бунёди маҷмааи нассоҷии ширкати муштараки Тоҷикистону Чин «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» шинос шуд. Сохтмони ин коргоҳи бузурги саноатӣ як сол муқаддам бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, барои коркарди беш аз 52 ҳазор тонна нахи пахта дар марҳилаи аввал пешбинӣ шудааст.Тавре ки хотиррасон шуд, тадбирҳои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлати Тоҷикистон амалӣ гардида барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, пешрафти босуръати иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо ва дастгирию ҳавасмандгардонии кишоварзону соҳибкорони мамлакат нигаронида шудааст.
Дар ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ ва шаҳри Кўлоб Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёҳои Ёхсу, Сурхобу Панҷ ва сойи Тебалай шинос шуд. Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тадбирҳои саддбандӣ дар мавзеъҳои хавфноки ин сою дарёҳо дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ барои солҳои 2011-2015» гузаронда шуда, тибқи нақша дар ҳамин мавсими камобӣ тақвият бахшида мешаванд. Таъкид гардид, ки дар соҳили сойи Тебалай дар шаҳри Кўлоб 9 минтақаи хавфнок, дар ноҳияи Восеъ масофаи зиёда аз 16 км ва дар ноҳияи Ҳамадонӣ беш аз 23 км мавзеъҳои хавфнок мебошанд. Сарвазири мамлакат барои таҳияи лоиҳаи нави корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳри Кўлоб, ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ барои мавсими дар пешистода, тақвияти саддбандии мавзеъҳои хавфнок, афзун намудани техника ва иқтидори корӣ ва ташкили корҳои оммавии соҳилмустаҳкамкунӣ бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар масъулини дахлдорро вазифадор намуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






