Шўълаи тобони бахт
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Хабари дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум қабул шудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ҳамаи мо устодону донишҷўён ва дигар кормандони Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакентро хеле шоду мамнун намуд. Мо бо як ҳиссиёту ҳаяҷони махсус ҳама дар назди телевизор нишаста, бодиққат ҳар як сухани Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуровро гўш кардем ва хурсанд аз он будем, ки дар сифати Президенти сулҳпарвари мо бисёр суханҳои наку ва арзанда гуфта шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон – фарзанди барўманди халқи тоҷик охири садаи ХХ ба арсаи сиёсат омад. Ў дар лаҳзаҳои душвор бо ҷасорати беназир сарварии давлати тоҷиконро ба уҳда гирифт, ки ба он касе ҷуръат намекард. Вай аз рўзҳои аввали кории худ дар назди халқу Ватан савганд ёд кард, ки тамоми қуввату ғайрати худро барои беҳбуди ҳаёти халқи худ ва ободии Тоҷикистони азиз равона менамояд. Дар навбати аввал тамоми гурезагонро, ки беш аз як миллион нафар буданд, ба Ватан бармегардонад ва барои кулли мардуми Тоҷикистон сулҳ меорад. Ў дар роҳи иҷрои ин мақсад ба бисёр монеаҳою мушкилоти сангин рў ба рў шуд, вале ҷасорату мардонагӣ, нотарсӣ, диловарию шуҷоат ба ў имкон доданд, ки ба ин нияти неки худ расад ва хидматҳои арзандаи ў ба сулҳу осоиштагӣ ва оромии Тоҷикистони азиз мусоидат намоянд. Эмомалӣ Раҳмон борҳо ҳаёти худро зери хатар монда, бо талошҳои пайгиронаи худ барои ба даст овардани сулҳу ваҳдат ба халқи азизаш хидматҳои арзанда кардааст. Ў сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонист ва таҷрибаи сулҳи тоҷиконро дар аксари мамлакатҳои дигар омўхта истодаанд. Бо хидматҳои бузургу беназири худ Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба бовари халқ даромад, балки ба маҳбубияти халқ сазовор гардид, ки ин баландтарин мукофотест барои ҳар як шахс. Тамоми хидматҳои ў аз тарафи кулли мардум эътироф гардидааст.
Мо – кормандони Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент тамоми хидматҳои арзандаи Ҷаноби Олӣ – Эмомалӣ Раҳмонро эътироф менамоем. Хидматҳои он касро дар шукуфоии кишвар, хосса як гўшаи дурдасти он- шаҳри бостонии Панҷакент, шоҳроҳҳои бузурги мамлакат, аз қабили шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент мебинему ифтихор мекунем ва кайҳо боз мехостем, ки чунин як Қонун қабул шавад. Далели гуфтаҳои мо он аст, ки чанде кормандони мо дар саҳифаҳои матбуоти маҳалливу ҷумҳуриявӣ ва ҷаласаҳо сухан гуфта, чунин таклифро ба миён гузошта буданд. Аз ҷумла, ректори донишкада профессор Муаззамхон Ансорӣ дар газетаи «Садои мардум» рақами 63 (3364) санаи 4-майи соли равон ба чоп омада, хидматҳои арзандаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро бо меҳру муҳаббати зиёд қайд намуда, аз ҷумла нигошта буд: «Эмомалӣ Раҳмон низ аз қаҳрамонони гузаштаи миллат ибрат гирифта, бо дигар абармардони тоҷик дар як саф мардумро ба сарҷамъиву худогоҳӣ, сулҳу ваҳдат ва муттаҳидӣ даъват намуда, тоҷику тоҷикистониёнро ба зиндагии осоишта, бунёдкорию ободии Ватани азиз раҳнамун сохт. Тайи 23 соли роҳбарии худ, сарфи назар аз ҳамаи мушкилиҳо, миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Мо бовари комил дорем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо халқи заҳматпеша, сулҳхоҳу меҳнатдўст, меҳмоннавозу инсонгаро боандешаву бонангу номуси худ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба орзую амали худ хоҳад расид, зеро шикасти зулмот аз иттифоқ аст ва мардуми Тоҷикистон имрўз беш аз пеш муттаҳиданд».
Ҳамчунин муовини ректори донишкада, номзади илмҳои педагогӣ Норинисо Худоёрова дар газетаи «Ҷумҳурият» аз 21 майи 2015 №105 (22667), «Мо як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон аст», декани факултети филология Зафарҷон Мақсудов «Пешвои миллат», №83 (3384) «Садои мардум» оид ба хидматҳои беназири Сарвари давлат барои халқи тоҷик ибрози назар намуда, ўро пешвои миллати тоҷик номуда буданд.
Муҳаррири нашрияи «Махзани илм»-и донишкада шоир Анварбеки Абўнаср бо номи «Пешвои миллат» шеъре ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон эҳдо карда буд, ки он дар шумораи 67 (3368) аз 12 майи соли 2015 дар газетаи «Садои мардум» чоп шуда буд.
Мо, устодону донишҷўён ва дигар кормандони Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро аз дилу ҷон ҷонибдорӣ менамоем ва ҳамеша бо Сарвари худ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зич муттаҳид гардида, навиштаҳои худро бо ин шеър ба анҷом мерасонем:
Омадӣ баҳри наҷоти миллатат,
Дар хатар чун буд тақдири Ватан.
Қувваи аҳриманӣ пурзўр буд,
Буд ҳар як нохалаф чун Аҳриман.
Пешвои миллати тоҷик туӣ,
Раҳнамои миллати тоҷик туӣ.
Менамуд таҳдид бар мулки азиз,
Хавфи пора гаштану қисмат шудан.
Буд лозим як ҷавонмарди шуҷоъ,
Аз ҷаҳолат то раҳонад ин Ватан.
Пешвои миллати тоҷик туӣ,
Раҳнамои миллати тоҷик туӣ.
Он яке мекард аз мулкаш фирор,
То нагардад ғарқ дар дарёи хун.
Омадӣ чун шуълаи тобони бахт,
Халқи худро то бигардӣ раҳнамун.
Пешвои миллати тоҷик туӣ,
Раҳнамои миллати тоҷик туӣ.
Тоҷиконро кардӣ сарҷамъ аз фирор,
Шамъсон аз баҳри миллат сўхтӣ.
Сулҳ овардӣ ба мулки ғамзада,
Машъали меҳру вафо афрўхтӣ.
Пешвои миллати тоҷик туӣ,
Раҳнамои миллати тоҷик туӣ.
Халқ донад қадри хидматҳои ту,
Ҳар замон аз меҳр таҳсин мекунад.
Доимо бардошта дасти дуо,
То саломат бошӣ, омин мекунад.
Пешвои миллати тоҷик туӣ,
Раҳнамои миллати тоҷик туӣ.
Аз номи гурӯҳи устодон ва кормандони донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент Анварбеки Абўнаср








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






