Қӯшунҳои Ироқ Рамадиро аз силоҳбадастони «Давлати исломӣ» зада гирифтанд
Душанбе, 28.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Қӯшунҳои Ироқ рӯзи якшанбеи гузашта собиқ маҷмааи ҳукуматӣ воқеъ дар Рамадиро, ки дар ихтиёри дастаҳои «Давлати исломӣ» қарор дошт, ишғол намуданд, хабар медиҳад агентии Рейтер зимни истинод ба низомиёни Ироқ.
Маҷмааи мазкур такягоҳи охирини силоҳбадастогни ДИ дар Рамади ба шмор мерафт. Шаҳри Рамади дар 90 — километрии Бағдод воқеъ буда, аҳолии онро арабҳои суннимазҳаб ташкил медиҳанд. Мувофиқи баъзе маълумот, силоҳбадастони ДИ аз шаҳр ба самти шимолу шарқӣ рӯ ба гурез оварданд.
Амалиёти ҳарбӣ барои ба даст овардани шаҳри Рамади аввалҳои моҳи ноябр оғоз ёфта, вале суст сурат мегирифт, зеро ҳукумат аз бархурди ҷамоаҳои миллӣ бо аҳолии суннии шаҳр хавф бурда, тасмим гирифт, ки ихтиёриёни мазҳаби шиаро, ки Тикрит бо ёрии онҳо ишғол карда шуд, истифода набарад.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






