Суҳбати телефонии Сарвари давлат бо раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳои Бадахшон

Декабрь 8, 2015 07:02

Душанбе, 08.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо заминларзаи 7 декабр бо раиси вилояти Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва раисони 8 шаҳру ноҳияҳои вилоят-Хоруғ, Мурғоб, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Ба раиси вилояти Бадахшон ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шуд, ки аз ҳоли аҳолии осебдида пайваста бохабар бошанд ва барои ба ҷойҳои зисти муваққатӣ кӯчонидан, бо маводи озуқаворию сарулибос ва ёрии тиббӣ таъмин намудани онҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Худи ҳамин рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси комиссияи ҳукуматӣ Азим Иброҳим дастур дод, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои заминларзаро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
Таъкид гардид, ки комиссияи ҳукуматӣ фавран ба вилояти Бадахшон сафар карда, рафти корҳоро таҳти назорати бевосита гирад.
Супориш дода шуд, ки фавран ситодҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба кӯмакрасонӣ ба мардуми осебдида таъсис дода шаванд ва таъкид гардид, ки комиссияи ҳукуматӣ ва ситодҳо шабурӯз фаъол бошанд.

 

Декабрь 8, 2015 07:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд