Суғд: Дарёфти Ҷоми Тоҷикистон оид ба футболи толорӣ

Декабрь 2, 2015 06:01

Суғд, 02. 12. 2015. (АМИТ «Ховар») -Шурӯъ аз 30-уми ноябри соли равон дар Қасри варзишии шаҳри Хуҷанд бозиҳо барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон оид ба футболи толорӣ оғоз гардиданд. Дар мусобиқа 12 даста аз шаҳрҳои Хуҷанд,Чкалов ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок менамоянд. Дар даври минтақавии мусобиқа дастаҳои «Себзор», «Шелкокомбинат», «Беҳтарин», «Сипар 2», «Тақво», «Агроинвестбонк», «Рахш», «Шапарак», «Хуҷанд», «Амирӣ», «Кулангир», «Арбоб»  «Бобоҷон Ғафуров», «Палос» шаҳри  «Чкалов» миёни ҳам сабқат намуда, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Декабрь 2, 2015 06:01

Хабарҳои дигари ин бахш