Суди ноҳияи Сино: Ба фоидаи ҷабрдида 5000 доллари ИМА рўёнида шавад

Декабрь 15, 2015 06:21

Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар) -Суди ноҳияи Синои  шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрванд Кенҷаева Шарифамо Абубакировна,  соли таваллудаш  1973, сокини шаҳри Душанбе, кўчаи  Тунис, бинои № 1, ҳуҷраи № 67, бо моддаи 247 қисми 4 банди б КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ  намуд. Суд   муайян    кард,  ки номбурда  ҷинояти қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайрро бо роҳи фиреб ва сӯйистифода аз бовар ба миқдори махсусан калон содир намудааст.
  Кенҷаева Ш.А. моҳи августи соли 2012   бо Касирова С., ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Пахтакор, хонаи 1,  истиқомат дорад, шинос шуда, мақсади ӯро дар бораи  ҳуҷҷатгузорӣ кардани  қитъаи замини наздиҳавлигиаш  фаҳмида, ба ӯ ваъда медиҳад,  ки дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  шинос дорад ва метавонад  ин амалро ба анҷом расонад.
  Бо ҳамин мақсад судшаванда  аз ҷабрдида Касирова С., моҳи августи соли 2012 маблағи 1500 доллар,  моҳи сентябри соли 2012 маблағи 2000  доллар  ва моҳи январи соли 2013 дар назди МИМҲД ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  маблағи 1500 доллари ИМА, ки   дар маҷмӯъ  5000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад (23825 сомонӣ 80 дирам),  гирифта, ваъда кардааст, ки ба ӯ сертификати истифодаи қитъаи замини наздиҳавлигиро қонунан ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад. Вақте ки ҷабрдида  Касирова  С.  ба  қаллобии Кенҷаева Ш.А.  гумонбар мешавад,   аз ӯ баргардонидани маблағҳояшро  талаб кардааст. Судшаванда  доимо ваъдаҳои дурӯғ дода мегуфтааст, ки маблағҳои гирифтаашро бармегардонад. Аммо Кенҷаева Ш.А. маблағҳои гирифтаашро аз Касирова  С.  бе бозгашт аз худ намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
  Суд ҳукм кард, ки Кенҷаева Шарифамо Абубакировна бо моддаи 247 қисми 4 банди б КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунахкор дониста шуда, ба ў бо ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ  ба муҳлати 8 (ҳашт) сол таъин карда шавад. 
       Суд ҳукм кард, ки  дар асоси банди  2 моддаи  7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи авф аз 29.10.2014  муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбат ба Кенҷаева Шарифамо Абубакировна аз  се як ҳисса  кам карда шавад ва аз ҳисоби ӯ ба фоидаи ҷабрдида Касирова Сайлӣ Беговна  5000  доллари ИМА  рўёнида шавад.

Декабрь 15, 2015 06:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад