Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ вобаста ба 20-солагии бетарафии Туркманистон

Декабрь 12, 2015 16:15

12.12.2015, Туркманистон

Мӯҳтарам ҷаноби Раис,
Олиҷанобон,
Ширкаткунандагони мӯҳтарами Конфронс,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Барои ман ширкат дар Конфронси байналмилалӣ ба ифтихори 20-умин солгарди бетарафии доимии Туркманистон суханронӣ кардан мояи сарфарозист. Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба Президенти Туркманистон, муҳтарам Гурбангули Бердимуҳаммедов барои даъвати иштирок дар ин ҳамоиши байналмилалии муҳим изҳори сипос намоям.

Имрӯз, ки мо якҷоя дар таҷлили ин рӯйдоди воқеан умумиминтақавӣ ҳузур дорем, мехостам махсус таъкид намоям: роҳи бетарафии мусбат, ки аз ҷониби роҳбарият ва мардуми туркман дар марҳалаи ҳассостарини таърихи истиқлолият интихоб гардид, имкон дод, ки зербинои ободии имрӯзаи кишвари дӯст ва тағйироти бузург дар ҳама соҳаҳои ҳаёти он гузошта шавад.

Муҳимтар аз ҳама, Туркманистон тӯли ин солҳо ба як майдони бузурги бинокорӣ мубаддал гардид.

Дар шаҳру навоҳӣ, деҳоту шаҳракҳо, дар тамоми гӯшаву канори мамлакат шумораи зиёди корхонаҳои азими саноатӣ, паркҳои технологӣ ва иншооти инфрасохториву иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд.

Татбиқи як қатор лоиҳаҳои энергетикиву коммуникатсионии фаромиллӣ ва марказҳои логистикӣ Туркманистонро бо олами беруна пайванд дода, бунёди шоҳроҳҳои автомобилгарду оҳан кишварро ба як нуқтаи муҳимми минтақавии нақлиётиву транзитӣ табдил доданд.

Ман будубоши худро солҳои ҳафтодӯми асри гузашта дар Туркманистон ва симои онрӯзаи кишварро хуб дар хотир дорам. Имрӯз бошад, мо ба як мамлакати тамоман дигар – як кишвари мутараққӣ ва шукуфо меоем. Мо дӯстони туркмани худро бо ин дастовардҳо табрик гуфта, албатта чун ҳамсоягони нек аз ин пешрафтҳо шодем.

Дар бораи ҷониби байналмилалии бетарафӣ сухан гуфта, таъкид карданӣ ҳастам, ки қисмҳои таркибии он, аз ҷумла омодагӣ ба шарикии ҳамаҷониба, қабул доштани таҷрибаи мусбати ҷаҳонӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ва шарикони минтақавӣ пуштибонии қавӣ пайдо карданд, ки ба ҳайси маҳалли фаъолияти Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда интихоб шудани Ашқобод ва моҳи июни соли ҷорӣ тасдиқ шудани қарори нави Созмони Милал дар бораи «Бетарафии доимии Туркманистон» шаҳодати ин гуфтаҳост.

Ширкаткунандагони муҳтарами Конфронс,

Тоҷикистон чунин мешуморад, ки минтақаи Осиёи Марказӣ барои ҳалли ҳамаи мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологӣ, муқовимати муассир бо таҳдиду хатарҳои муосир ва таъмин кардани сатҳи рушди сифатан нав ҳамаи захираву имкониятҳоро дорад.

Амалӣ намудани барномаҳои хислати минтақавидошта дар бахшҳои энергетикаву алоқа, нақлиёту коммуникатсия ва эҷоди технологияҳои нав барои афзоиши имкониятҳои мо, ба минтақаи амну субот ва рушд, майдони ҳамкориҳои созандаву мутақобилан судманд, мубаддал гаштани Осиёи Марказӣ, ки ба боло бурдани некӯаҳволии мардумони мо ва пешрафти минтақа нигаронида шудаанд, шароит фароҳам хоҳанд овард.

Мавҷудияти чунин равандҳои бунёдкориву созандагӣ танҳо дар вазъияти таъмини суботу амният имконпазираст. Аз ин рӯ, ба ҳам овардани талошҳои мо ҷиҳати мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ муҳимтарин масъалаи рӯз мебошад.

Шиддати рӯзафзун касб кардани ин таҳдиду хатарҳоро танҳо бо талошҳои дастаҷамъона метавон боздошт. Ҷиҳати дастёбӣ ба ин ҳадафҳои наҷиб мо омодаи ҳама гуна ҳамкорӣ бо шариконамон ҳастем. Дар ин росто, ҳамкорӣ бо Туркманистон, ки имкониятҳои назаррас дорад, барои мо махсусан муҳим аст ва Тоҷикистон барои тавсеа ва таҳкими он саъй хоҳад кард.

Ба ақидаи ман, ҳадафҳои мазкур бо асли бетарафии Туркманистон, ки на танҳо ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва равобити бисёрсамтии байналмилалӣ, балки ба афзалият доштани масъалаи рушди умумиинсонӣ нигаронида шудаанд, комилан мутобиқатанд.

Дар ин рӯзи саид ман мехостам Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедовро бо ҷашни бетарафӣ самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатӣ ва иҷрои муваффақонаи барномаҳои миллиро орзу намоям, ҳамчунин ба мардуми туркман табрикоти хешро якҷо бо орзуи сулҳу оромӣ ва пешрафти беш аз пеш иброз дорам.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Декабрь 12, 2015 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд