Таҷлили 100 — солагии Носирҷон Маъсумӣ дар АИ ҶТ
Душанбе, 17.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 100 — солагии зодрӯзи узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханшинос ва донишманди фарзонаи тоҷик Носирҷон Маъсумӣ дар мавзӯи “Носирҷон Маъсумӣ ва саҳми ӯ дар рушду такомули филологияи тоҷик” ҷаласаи илмӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар”хабарнигори хадамоти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шервони Умриддин хабар дод.
Ноиби президенти АИ ҶТ, академик Кароматулло Олимов дар мавзӯи “Носирҷон Маъсумӣ муҳаққиқи проблемаи ташаккули ҷаҳонбинии нав дар адабиёти тоҷики давраи шӯравӣ”, доктори илмҳои филология Сахидод Раҳматуллозода дар мавзӯи “Зиндагинома ва фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ ва ҷамоатчигии Носирҷон Маъсумӣ”, академик Хуршеда Отахонова дар мавзӯи “Саҳми устод Носирҷон Маъсумӣ дар таъсиси бойгонии адибон ва матншиносии адабиёти муосири тоҷик”, профессор Ғаффор Ҷӯраев дар мавзӯи “Носирҷон Маъсумӣ ва мактаби услубшиносии тоҷик” ва дигарон маърӯза карданд .
Носирҷон Маъсумӣ аз зумраи он донишмандоне мебошад, ки дар инкишофи илму адаб ва филологияи тоҷик саҳми бузург гузоштааст. Соҳаҳои фаъолияти ӯ гуногун буда, ҳамчун омӯзгор, шоир, мунаққиди адабию адабиётшинос, забоншинос, фолклоршинос, луғатшинос, инчунин ташкилотчии моҳири корҳои илмию адабӣ ва ҷамъиятӣ шинохта шудааст.
Носирҷон Маъсумӣ 2 — уми майи соли 1915 дар деҳаи Қаротоғи водии Ҳисор таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатии ин олими шинохта баъди хатми курси дусолаи муаллимии шаҳри Самарқанд (соли 1930) оғоз гардидааст. Носирҷон Маъсумӣ соли 1954 дар мавзӯи “Забон ва услуби повести “Марги судхӯр” — и Садриддин Айнӣ” рисолаи илмӣ дифоъ намуда, соҳиби унвони номзади илм гардидааст.
Китоби ӯ “Фолклори тоҷик” (1952) аввалин китоби дарсии ин соҳа барои мактабҳои олӣ мебошад.
Симои Носирҷон Маъсумӣ дар дилу дидаи мардум ҳамчун шахси фозилу донишманд, адиб ва муҳаққиқи барҷаста боқӣ мемонад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






