Таъмини дурусти ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ бо маводи хӯрокӣ
Душанбе, 7.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар пойгоҳи яке аз қисмҳои ҳарбии қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар гарнизони Душанбе қарор дорад, бо иштироки масъулини соҳаи ақибгоҳии қисму воҳидҳои ҳарбии сохторҳои қудратии пойтахт ва минтақаи Хатлон ҷамъомади методӣ-таълимӣ доир гардид. Ҷамъомади мазкур дар доираи барномаи мукаммали таълимӣ аз ҷониби масъулини сохтори ақибгоҳии Вазорати мудофиа баргузор гардида, он аз чанд давраи омӯзишӣ иборат буд.
Ҷамъомад ба таври назариявию амалӣ ҷараён гирифта, дар қисмати машғулияти назариявӣ ҳайати афсарони масъул мавзӯъҳои таъмини дурусти ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ бо маводи хӯрокӣ, либоси низомӣ ва омодагии ҷангии ҷузъу томҳои ақибгоҳиро аз бар намуданд. Ҳамзамон дар дарсҳо масъалаи таъминоти маводи озуқаворӣ ҳангоми сафарбарӣ низ аз ҷониби иштирокдорони ҷамъомади методию таълимии масъулин оид ба ақибгоҳ таҳлилу баррасӣ гардид. Дар бахши амалии ин ҷамъомад ҳозирин ҳолати дурусти нигоҳдошти маводи озуқаворӣ, истифодаи сӯзишвориву равғанҳои молиданӣ ва амсоли инро дар анборҳои назди қисми ҳарбӣ мавриди омӯзиш қарор доданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






