Таъмини дурусти ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ бо маводи хӯрокӣ

Декабрь 7, 2015 04:56

Душанбе, 7.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар пойгоҳи яке аз қисмҳои ҳарбии қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар гарнизони Душанбе қарор дорад, бо иштироки  масъулини соҳаи ақибгоҳии қисму воҳидҳои ҳарбии сохторҳои қудратии пойтахт ва минтақаи Хатлон ҷамъомади методӣ-таълимӣ доир гардид. Ҷамъомади мазкур дар доираи барномаи мукаммали таълимӣ аз ҷониби масъулини сохтори ақибгоҳии Вазорати мудофиа баргузор гардида, он аз чанд давраи омӯзишӣ иборат буд.
Ҷамъомад ба таври назариявию амалӣ ҷараён гирифта, дар қисмати машғулияти назариявӣ ҳайати афсарони масъул мавзӯъҳои таъмини дурусти ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ бо маводи хӯрокӣ, либоси низомӣ ва омодагии ҷангии ҷузъу томҳои ақибгоҳиро аз бар намуданд. Ҳамзамон дар дарсҳо масъалаи таъминоти маводи озуқаворӣ ҳангоми сафарбарӣ низ аз ҷониби иштирокдорони ҷамъомади методию таълимии масъулин оид ба ақибгоҳ таҳлилу баррасӣ гардид. Дар бахши амалии ин ҷамъомад ҳозирин ҳолати дурусти нигоҳдошти маводи озуқаворӣ, истифодаи сӯзишвориву равғанҳои молиданӣ ва амсоли инро дар анборҳои назди қисми ҳарбӣ мавриди омӯзиш қарор доданд.

 

Декабрь 7, 2015 04:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад