Ташкили фоҳишахона аз ҷониби зани далла

Декабрь 15, 2015 04:42

Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 40 солаи истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд бо гумони ташкили фоҳишахона ва даллагӣ дастгир шуд. Муайян гардид, ки номбурда 12 декабри соли равон, хонаи истиқоматиашро ба шаҳрвандон: марди 30 сола ва зани 35 сола, инчунин марди 33 сола ва зани 28 солаи истиқоматкунандагони шаҳри Хуҷанд дода, аз онҳо 300 сомонӣ муқофотпулӣ гирифтааст.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.

Декабрь 15, 2015 04:42

Хабарҳои дигари ин бахш