Тоҷикони Шарқи Дур аз ватану миллати асили хеш ифтихор доранд
Душанбе, 26.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Муҳаббат ба ватану ифтихор аз миллати асили дорои тамаддуни ҳазорсола ва парчаму ҳар як зарра хоки диёр барои ҳар як ҳамватани дар шаҳри Комсомоли лаби Амури кишвари Шарқи Дур буда ,дар мадди аввал меистад. Бо вуҷуди дар масофаи зиёда аз 10 ҳазор км дур будан аз Тоҷикистони азиз ҳамватаноне, ки дар ин шаҳр солҳои зиёд зиндагиву фаъолият мекунанд, тавонистаанд оташи меҳру муҳаббат ба ватан, забони поку ноби точикӣ, расму оину анъанаҳои миллиро, ки таҷассумгари ҳар як халқияту миллат мебошанд, дар қалбҳояшон фурӯзон нигоҳ доранд. Тоҷикони шаҳри Комсомоли лаби Амур бо сарварии Қосим Абдухолиқов тавонистаанд чамъиятеро таъсис диҳанд, ки бо баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсиву фарҳангӣ дар сатҳи баланд муаррифгари миллату ватан бошанд. Ҳар як ҳамватани мо, ки орияти баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ дорад, ба хубӣ медонанд, ки маҳз тавассути забону расму оину фарҳанг метавонанд миёни дигар халқиятхо маъруф гардидаву мақом дошта бошанд. Соҳибкорони муваффақи тоҷики ин шаҳре, ки дар солҳои шӯравӣ аз ҷониби ҷавонони тамоми кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар болои ботлоқзор сохта шудааст, доимо кӯшиш мекунанд дар баробари муаррифгари миллату ватан будан нақши сазовори худро дар ободиҳои Тоҷикистони азиз гузоранд.Тавре ки зимни суҳбат раиси ҷамъияти тоҷикони ш. Комсомоли лаби Амур Қосимҷон Абдухолиқов иброз кард: Мо дар кадом гӯшаи олам, ки бошем, тоҷик ҳастем ва ифтихор аз он дорем, ки имрӯз давлати мо бо роҳбарии Пешвои миллати тоҷик ба як кишвари зебову афсонавӣ табдил ёфтааст ва осон набуд барои Роҳбари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтох ва боз дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки осон нест ҳам роҳи сулҳу ваҳдатро пеш гирифтану ҳам ободиҳо кардан. Дур намеравем, ҳеҷ кас бовар надошт, ки дар диёри мо боз мардум бо ҳам меоянду ваҳдату оромӣ тантана мекунад.
Бовар кунед, он солҳои 1992-97 мардум орзуи ёфтани як бурда нонро доштанду дар паи халосии ҷони худ буданд. Эмомалӣ Раҳмон вақте ба сари давлат омад, ки дар Тоҷикистон на ягон корхонаи обод монда буду на ягон соҳаи дуруст фаъолияткунанда. Бо иқтисодиёте, ки фалаҷ шуда буду ҳама воситаҳои техникаву лавозимоти зарурии кишоварзиро ба яғмо бурда буданд ва боз бар замми ин кашмакашиҳову нооромиҳо руҳияи мардумро,бовари мардумро ба фардои нек шикаста буданд, вале маҳз сиёсати хирадмандонаву одилонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллату давлати моро боз дубора эҳё кард. Биноҳои боҳашамати ҳам давлативу ҳам инфиродӣ, таъсиси корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ, бунёди нақбҳо гувоҳи оромиву осудагии давлати тоҷикон аст. Мо дар ин шаҳрхои дури ФР ҳам ки бошем, ҳамаҷониба сиёсати давлату ҳукумати Ватанамонро дастгирӣ мекунем ва мо ҳамаи соҳибкорони тоҷики муқими шаҳри Комсомоли лаби Амурро вазифадор кардаем,ки дар асоси дастуру супоришхои Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон ҳатман барои мактаб-интернатҳо, барои сохтани роххову мактабхои Точикистон аз руи имкониятхои мавчуда сахмгузори кунанд,зеро мо хар кучое ,ки бошем,дар кадом сатхе,ки бошем як ватан ва як хонаи умед дорем,ки номаш Точикистон аст ва хизмат ба ватан барои хар яки мо хам карз хасту хам фарз.Ба шумо хам ташаккур ,ки ба ин кадар рохи дур омада,аз кору зиндагии хамватанон бохабар мешавед. Як пешниход доштам,ки дигар диаспорахое,ки аз кабили киргизу арманхову тоторхо ва г.ин чо фаъолият доранд,намояндахои хукумату давлаташон,хох аз вазорати фарханг асту хох маорифу хох дигар сохторхои дахлдор ба ин чо омада,бо хукуматдорони махали вохурихои судманд мегузаронанд,хуб мебуд,агар чунин сафархои кори аз чониби намояндагони давлатамон сурат мегирифт,гумон мекунам дар самти равобити иктисодиву ичтимои ва мустахкам шудани мавкеи точикон ахамияти назаррас дорад.