Туҳфаҳои идона ба зиёда аз 2 ҳазор сокини ниёзманд

Декабрь 29, 2015 05:50

Хуҷанд, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар арафаи Соли нави мелодӣ ба бештар аз ду ҳазор шахсони ниёзманд, яккаву танҳо ва нафарони имконяташон маҳдуд кумаки яквақтина ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.
Дар ин бора сомонаи шаҳрдори Хуҷанд иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ ба 250 нафар хонандаи мактаб-парваришгоҳи махсус барои кӯдакони имконияташон маҳдуд низ туҳфаҳо тақдим шуданд.

Декабрь 29, 2015 05:50

Хабарҳои дигари ин бахш