Туркманистон Тоҷикистонро баъд аз заминларзаи шадид дастгирӣ намуд
Душанбе, 17 декабр (АМИТ «Ховар»).-Ба зарардидагони заминларзаи минтақаҳои Тоҷикистон аз Туркманистон ёрии башардӯстона мерасад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии кишвар, Туркманистон ба Тоҷикистон 1000 тонна сӯзишворӣ, 134 тонна орди гандумии навъи якум, 120 тонна равғани пахта ва 120 тонна арматур барои сохтмон ҳамчун кумаки башардӯстона равон кардааст.
«Кишварҳои мо барои густариш ва таҳкими муколамаи байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ минбаъд ҳам талош мекунанд. Дар робита ба ин, ҷониби Туркманистон ба мардуми Тоҷикистон дар вазъияти душвор ёрӣ мерасонад»,-зикр кард сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Ишонқул Аманлиев, иттилоъ медиҳад МИР 24.
Ҳукумати Тоҷикисон ба Туркманистон миннатдории худро баён намуд. Ҳукуматдорон ваъда доданд, ки ин кумак дар наздиктарин фурсат ба мардуми зарардидаи минтакаҳо расонида мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






