Ҳукумати Русия квотаи кормандони хориҷиро кам мекунад
Душанбе, 24.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳукумати Русия соли оянда квотаи кормандони хориҷиро қариб чоряк баробар кам мекунад.
Тавре ки дар қарори дар сомонаи расмии ҳукумати ФР дарҷгардида гуфта мешавад, соли оянда квотаи кормандони хориҷӣ дар Русия қариб 214 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки назар ба нишондоди соли 2015 баробари 22,4 фоиз кам аст.
Ҳаҷми талабот ба қувваи кории хориҷӣ барои соли 2016 — ум 0,3 фоизи теъдоди аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ фаъоли Русияро ташкил медиҳад, ки ин ба бозори меҳнат таъсири манфӣ намерасонад.
Ёдовар мешавем, ки муҳоҷирони тоҷик асосан Русияро ҷойи кори худ интихоб мекунанд. Мувофиқи маълумоти Хадамоти федералии меҳнати ФР, то 4 декабри соли равон 896 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия буданд. Шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди ФР нисбат ба оғози сол баробари тақрибан 103 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






