В.Путин фармонро дар бораи тадбирҳои махсуси иқтисодии зидди Туркия ба имзо расонид
Душанбе, 29.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Президенти ФР Владимир Путин фармонро дар бораи рӯи кор овардани тадбирҳои махсуси иқтисодӣ нисбат ба Туркия ба имзо расонид, хабар дод дафтари матбуоти Кремл.
«Президенти Русия В.В.Путин Фармон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 28 ноябри соли 2015 « Дар бораи тадбирҳо барои таъмини амнияти миллии Федератсияи Русия ва ҳифзи шаҳрвандони Федератсияи Русия аз кирдорҳои ҷинояткорона ва амалҳои дигари ғайриқонунӣ ва дар бораи дидани чораҳои махсуси иқтисодӣ нисбат ба Ҷумҳурии Туркия» — ро ба имзо расонид, — гуфта мешавад дар хабар.
Баъди 24 ноябр дар Сурия ҳавопаймои бомбаандози Су — 24 — и Русияро сарозер кардани тайёраи қиркунандаи F — 16 — и Туркия муносибатҳои ФР ва Туркия дучори вазъияти бӯҳрономез гардиданд. Президенти ФР Владимир Путин инро «хиёнати» пайравони террористон маънидод кард. Баъди ҳодиса Президенти ФР фармонро дар бораи тадбирҳо оид ба таъмини амнияти миллӣ ва чораҳои махсуси иқтисодӣ нисбат ба Туркия ба имзо расонид.
Аз ҷумла, Русия аз 1 январи соли 2016 аз Туркия ворид намудани як қатор маҳсулотро манъ ва эътибори низоми бераводид бо Туркияро қатъ ва сафарҳои иловагиро бекор намуд. Ғайр аз ин аз 1 январи соли 2016 қабули кормандон аз ҷониби корфармоён аз ҷумлаи шаҳрвандони Туркия манъ карда мешавад. Президент аз ин пеш супориш дода буд, ки фаъолияти созмонҳои таҳти васояти Туркия қарордошта дар қаламрави ФР манъ ё маҳдуд карда шавад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






