Вазири корҳои хориҷии Туркия вокуниши киштии русиягиро аз ҳад берун номид

Декабрь 14, 2015 13:35

Душанбе, 14.12.2015 (АМИТ «Ховар»). —  Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушоғлу зимни мусоҳиба бо рӯзномаи итолиявии «Corriere della Sera» вокуниши киштии неруҳои ҳарбӣ-баҳрии Русияро нисбат ба киштии моҳидории Туркия дар баҳри Эгей аз ҳад берун номид. Дар ин бора расонаи хабаргузории Рейтерс иттилоъ додааст.
Хотиррасон мекунем, ки мувофиқи хабари Вазорати мудофиаи Русия рӯзи якшанбе дар баҳри Эгей киштии неруҳои ҳарбӣ-баҳрии Федератсияи Русия дар масофаи 1 километр дуртар киштии моҳидории Туркияро ошкор карданд, ки аз самти рост ба ҷониби киштии лангарзадаи Русия шино мекард. Киштии неруҳои ҳарбӣ-баҳрии Русия чандин кӯшишҳо кард, ки ҳайати киштии моҳидории Туркия бо онҳо ба алоқа барояд, вале маллоҳони киштии Туркия ба ишораҳои огоҳкунандаи маллоҳони Русия вокуниш нишон надоданд. Бо наздик омадани киштии моҳидории Туркия ба масофаи 600 метр фармондеҳии киштии ҳарбии Русия ба хотири роҳ надодан ба бархӯрди ду киштӣ фармон дод, ки ба самти ҳаракати киштии моҳидории Туркия аз силоҳи киштӣ оташи огоҳкунанда сар дода шавад.
Мувофиқи иттилои расмии Вазорати мудофиаи Русия танҳо пас аз кушодани оташ киштии моҳидории Туркия фавран самти шино кардани худро тағйир дода, бидуни алоқа бо маллоҳони рус, дар масофаи 540 метр дур аз киштии ҳарбии Русия ҳаракати худро идома доданд. Гуфта мешавад, ки вақте киштии Туркия ба ҷониби киштии Русия ҳаракат мекард, киштии Русия лангар партофта, ба мушоҳидаву посбонӣ машғул буд.
Вобаста ба ин ҳолати рӯйдода муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов атташеи ҳарбии сафорати Туркия дар Русияро ба ҳузури худ даъват кардааст. Мувофиқи маълумоти хадамоти иттилоотӣ-матбуотии Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия ба атташеи ҳарбии Туркия вобаста ба ҳодисаи рӯйдода вокуниши қатъӣ нишон дода шудааст.   

 

Декабрь 14, 2015 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд