ВКД: Ғарқ шудани ду моҳигир дар Сирдарё
Душанбе, 10.12.2015. (АМИТ «Ховар) -9 декабри соли равон, тахминан соати 15:00 шаҳрвандон: Абдувалӣ Юлдошев, соли таваллудаш 1982, Охунҷон Эргашев, соли таваллудаш 1981, Имомов Акрамҷон соли таваллудаш 1983 ва Тухтасунов Набиҷон соли таваллудаш 1981, сокинони деҳаи Хуҷамбердиеви ноҳияи Ашт, бо мақсади моҳигирӣ ба мавзеи “Етти-Теппа”-и ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи мазкур рафтаанд. Сипас, Юлдошев А., Эргашев О. ва Имомов А., ба қаиқи резинӣ савор шуда, вориди дарёи Сир шудаанд, ки ногаҳон шамоли сахт вазида, мавҷи дарё баланд шуда, қаиқи онҳоро чаппа намудааст. Дар натиҷа шаҳрвандон Юлдошев А. ва Эргашев О. дар дарё ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд. Ҷасади шаҳрванд Юлдошев А. дарёфт шуда, барои дарёфти ҷасади шаҳрванд Эргешев О. чорабиниҳо идома доранд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






