Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо шоҳзода Муҳаммад ибни Нойиф ибни Абдулазиз Оли Сауд
Душанбе, 03.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳд, муовини якуми раиси Шӯрои Вазирон, вазири корҳои дохилии Мамлакати Арабистони Саудӣ, шоҳзода Муҳаммад ибни Нойиф ибни Абдулазиз Оли Сауд ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.