1401 чорабинии гуногун дар Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд
Хуҷанд, 27.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар соли гузашта 1401 чорабинии гуногун гузаронид.
Инчунин дар соли 2015 барои ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ 899 мусобиқаи гуногун доир гардида, барои рушди сайёҳӣ дар вилоят 180 чорабинӣ, аз қабили вохӯриву мулоқот, семинар-машваратҳо ва конфронсҳо баргузор шуданд.