Аҳмад Осим Арар: Тоҷикистону Туркия кишварҳое мебошанд, ки дар онҳо офатҳои табиӣ монанданд
Душанбе, 21.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- «Аз соли 1992 ин ҷониб баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон Ҷумҳурии Туркия бо Тоҷикистон ҳамкории худро ба роҳ монда, то имрӯз равнақ дода истодааст»,-иброз дошт сафир, ваколатдори муваққатӣ оид ба корҳои Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмад Осим Арар имрӯз зимни супоридани кумаки башардӯстона, ки барои зарардидагони заминларзаи вилояти Бадахшон пешбинӣ шудааст.
Аҳмад Осим Арар илова намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистону Туркия кишварҳое мебошанд, ки дар онҳо офатҳои табиӣ монанданд. Ба гуфтаи ӯ дар Туркия низ ҳамин гуна заминларзаҳои шадид доимо ба амал омада меистанд ва соли 1999 бори охир дар Ҷумҳурии Туркия чунин як заминҷунбии сахт рух додааст.
Инчунин номбурда илова намуд, ки Ҷумҳурии Туркия аз рӯи имконияти ҷойдошта кумаки худро ба мардуми зарардидаи Тоҷикистон мерасонад ва хоҳони он аст, ки ҳеҷ гоҳ ин гуна офатҳои табиӣ рух надиҳанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






