Ҳаҷнома-эҳдо ба Пешвои миллат

Январь 12, 2016 14:20

Ҳаҷнома

эҳдо ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

 

 

 

Сад қиблаи гулранги чаман буд ин ҳаҷ,

Сад минбари пайки анҷуман буд ин ҳаҷ.

Бар гӯши ҳама мағзи сухан буд ин ҳаҷ,

Муште ба даҳони каҷдаҳан буд ин ҳаҷ.

 

Чашми ҳама дар ҷодаи пазмон ҳаҷ кард,

Дар каъбаи дил ҷони пурармон ҳаҷ кард.

Симои банури пешво мерахшид,

Бо ӯ ҳама халқи Тоҷикистон ҳаҷ кард.

 

Эй муддаӣ, асли даъвии ту алам аст,

Девори мусулмонии ту пур зи нам аст

Фахрем аз он, ки Пешвои Миллат

Симои мусулмонии дахл–ул–ҳарам аст.

 

Мо нашъаи навбаҳор дорем зи ҳаҷ,

Сад каф ба дуо шиор дорем зи ҳаҷ.

Дар минбари худшиносию худсозӣ

Мо парчами ифтихор дорем зи ҳаҷ.

 

Давлат Сафар

Январь 12, 2016 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд