АFP: ДИ масъулияти амалиёти террористӣ дар назди консулгарии Покистон дар Афғонистонро ба дӯши худ гирифт

Январь 14, 2016 10:45

Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» масъулияти ҳамла ба консулгарии Покистон дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистонро ба дӯши худ гирифт. Дар ин бора Агентии АFP хабар дод.
Мувофиқи маълумоти намояндаи волии вилоят Атоулло Ҳогиёнӣ, террористи худкуш ба бинои намояндагии дипломатӣ ворид шуданӣ буд, вале ҳангоми ӯро нигоҳ доштани муҳофизи консулгарӣ мавсуф асбоби таркандаро ба кор даровард. Баъди ин байни ду шарики номбурда ва силоҳбадастони афғон оташфишонӣ оғоз ёфта, ҳамаи ҳамлагарон нест карда шуданд.
Тавре ки намояндаи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон Содиқ Содиқӣ хабар дод, бар асари ҳамла камаш ҳафт нафар кормандони вазорат ҳалок шуданд. Ба гуфтаи мавсуф, ҳамчунин ҳафт корманди пулис захм бардошта, чанде аз аҳолии осоишта, аз ҷумла кормандони намояндагии дипломатӣ осеб дидаанд.
Консулгариҳои Ҳиндустону Эрон низ дар маҳалли ин воқеа қарор доранд.

Январь 14, 2016 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд