Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор

Январь 7, 2016 10:52

Душанбе, 07.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — 6 январи соли равон зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини 32-солаи ноҳияи Фархор бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир карда шуд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 615 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши ҳодиса давом дорад.

Январь 7, 2016 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш