Ҷаласаи ҷамъбасти солона дар Хадамоти алоқа
Душанбе, 06.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим 5 январи соли 2016 дар ҷаласаи ҷамъбасти солонаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кард.
Дар ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолият дар давоми соли 2015 сардори Хадамоти алоқа зикр намуд, ки даромади умумии соҳа дар соли 2015 баробар ба 2667 млн сомонӣ мебошад, ки ин нишондиҳанда 99,7%-и ҳаҷми даромади умумии соли 2014-ро ташкил медиҳад. Ҳиссаи операторони хусусӣ дар бозори хизматрасонии алоқа нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 дар маҷмӯъ 0,8 % коҳиш ёфта, ба 2540,6 млн. сомонӣ баробар гардид. Сабаби асосии нисбатан коҳиш ёфтани ҳаҷми хизматрасониҳои соҳаи алоқаро аз таъсири буҳрони иқтисодӣ на танҳо дар кишвари истифодабарандагони хизматрасониҳо, инчунин дар давлатҳои шарикони асосӣ мебинанд, зеро бо тадриҷан коҳиш ёфтани даромади муштариён ҳаҷми истифодаи хизматрасониҳои алоқа низ рў ба коҳиш ниҳодааст.
Корхонаҳои зертобеи хадамот ҶСК «Тоҷиктелеком», КВД «Почтаи Тоҷик» ва КВД «Маркази мутобиқати электромагнитӣ» фаъолияти худро мутаносибан бо нишондиҳандаҳои 111,5%, 110,9 % ва 108,6% нисбат ба соли 2014 ҷамъбаст намуданд.
Муовини Сарвазир диққати ҶСК «Тоҷиктелеком»-ро ба иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба насб намудани телефонҳои хонагӣ ҷалб намуда, таъкид кард, ки масъалаи афзун намудани шумораи истифодабарандагони телефонҳои хонагиро ба таври иловагӣ дида бароянд. Ҳамзамон барои фаро гирифтани водии Бартанги ВМКБ ба алоқаи мобилӣ дар соли 2014 ва оғози корҳои пайвасткунии деҳаи Ғудараи ин водӣ бо алоқаи мобилӣ дар охири соли соли 2015 ва аввали соли 2016 изҳори сипос намуд.
Дар қатори баъзе дастовардҳо муовини Сарвазир аз фаъолияти КВД «Почтаи Тоҷик» вобаста ба сари вақт дастрас намудани рўзномаю маҷаллаҳо ба ноҳияҳои дурдаст изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки рўзнома ва маҷаллаҳои расмӣ дар баробари пур кардани фазои иттилоотии мамлакат, ҳамчунин инъикоскунандаи воқеии сиёсати давлатӣ низ мебошанд ва аз ин хотир мушкилот дар дастрас намудани онҳо бояд ҳарчӣ зудтар бартараф карда шаванд.
Дар интиҳои ҷаласа муовини Сарвазир дастур дод, ки бинобар осебпазир будани минтақаҳои кўҳистони кишвар аз офатҳои табиӣ, Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторони хусусӣ вазифадор мебошанд, ки хизматрасониҳои алоқаи мобилиро дар тамоми ҳудуди кишварамон таъмин намоянд. Илова бар ин. дар самти истифода намудани афзалиятҳои нисбии ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, васеъ истифода намудани технологияҳои муосир, табдил додани кишварамон ба кишвари транзитии хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва интернет, инчунин таҳия ва амалӣ гардонидани лоиҳаҳои шабакаҳои муосири хатти нахи нурӣ дар дохил ва берун тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад






