Ҷамъбасти озмуни «Олими сол-2015» дар ДДХ

Январь 30, 2016 09:54

Хуҷанд, 30.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар толори Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қадршиносии натиҷаҳои босамари фаъолияти илмии олимону муҳаққиқон, ҳавасмандгардонии аҳли таҳқиқ ва ҷамъбасти озмуни донишгоҳии «Олими сол-2015» бо иштироки васеи ҷомеаи меҳнатӣ баргузор гардид.
Дар асоси пешниҳодоти ҳайати комиссияи босалоҳият ва фармоиши ректори донишгоҳ ғолибони озмун муайян шуданд. Ҳамин тавр ғолибон дар бахшҳои илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ, илмҳои табиатшиносӣ ва иқтисодӣ, як гурӯҳ устодони соҳибтаҷриба ва муҳаққиқони ҷавон бо мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 500 то 2000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Январь 30, 2016 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ